Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон гуфтанд, ки тоҷиронро барои, ба қавли онҳо, беасос боло бурдани қимати маҳсулот 11 миллион сомонӣ ҷарима бастанд. Сокинон мегӯянд, ҷаримаву ҳабс роҳи ҳал нест, беҳтар аст, мақомот чораҳои дигари поин овардани нархи маҳсулотро биандешанд.
Дар Тоҷикистон як сол боз аз пайиҳам боло рафтани қимати маҳсулот, бахусус хӯрокворӣ, дар бозорҳои кишвар шикоят доранд. Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, рӯзи сеюми феврал ва ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, назоратро аз рӯйи нархгузорӣ сахттар карданд.
"Ошкор кардани нақзи қонунгузории зиддиинҳисорӣ нисбат ба як соле пеш афзоиш ёфта, аз ин ҳисоб мизони ҷаримаҳо низ 21 дарсад зиёд шудааст", -- гуфт ӯ. Муъминзод дар посух ба ин суол, ки далели афзоиши сабти қонуншиканиҳо чист, ҷавоб дод, "фаъолияти пурсамари мақомот".
Аммо баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, назорат аз болои гароншавии нархҳо ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст ва ҷаримаи тоҷирон низ вазъро беҳтар намекунад.
Ҳаким Ғаффоров, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, низ гуфт, "гӯшт 50 сомонӣ, картошка 5-7 сомонӣ, орд аз 220 то 270 сомонӣ аст, ки зӯри мо ба харидан намерасад" ва шикоят кард, ки пайваста боло рафтани нархро "касе танзим намекунад".
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, назорат ҳаст, вале афзоиши қимати маҳсулот пурра аз онҳо вобаста нест, чун аксари мавод воридотӣ аст ва дар замони пандемия нархҳо дар кишварҳои дигар низ афзудааст.
Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, гуфт, "чӣ дастгоҳи марказӣ, чӣ дастгоҳи минтақавӣ дар бозорҳо назорат мебарем. Акнун маҷбур ҳастем, ки тамоми воситаҳои ахбори оммаро ҳамроҳ гардонем."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Раиси Хадамот афзоиши нархҳоро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод, баъзе аз вакилон розӣ нестанд. САДО, ВИДЕОӮ низ омили беруниро аз сабабҳои аслии гарон шудани нархи баъзе маҳсулот дар кишвар донист ва гуфт, "нархҳо дар бозори кишварҳое, ки ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунанд, низ гарон шудааст ва ин ба вазъи бозори дохилӣ таъсир мегузорад."
"Нархи равғани растанӣ то 47 дарсад дар давлати истеҳсолкунанда боло рафтааст. Нархи шакар дар Покистону Русия, ки аз таъминкунандагони асосӣ ҳастанд, то 37 фоиз афзудааст", -- шарҳ дод ӯ.
Айни суханро мақомот дар гузашта ба расонаҳо ва вакилони порлумони Тоҷикистон гуфтаанд. Ва ҳар гоҳ ки "омили берунӣ" ҳамчун далели гаронии нархҳо пешниҳод мешавад, иқтисоддонҳо мегӯянд, ки бояд чораҳои дигареро ёфт.
Аз ҷумла, ба қавли онҳо, роҳи ҳалли масъала беҳтар кардани шароити соҳибкорон ва афзоишу дуруст ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аст. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сари он таъкид кардаанд, вале зоҳиран дар амал иқдоме нагирифтаанд. Соҳибкорони тоҷик аз гаронии молиёту санҷишҳои зиёд шикоят доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Раиси Хадамот афзоиши нархҳоро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод, баъзе аз вакилон розӣ нестанд. САДО, ВИДЕОЯрмарка дар муқобили бозор. Коршинос: "Чораи муваққатист". ВИДЕОЧаро нархи равғану шакару тухм дар Тоҷикистон якбора боло рафт? ВИДЕОБаҳси сиҳатӣ ва қиматӣ. Ба соҳибкорон муҳлат доданд, ки ордро бо витамин истеҳсол кунанд