Хадамот: Ба Бритониё танҳо бо роҳҳои қонунӣ равед

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз сокинон даъват кардааст, ки барои ҷустуҷӯи кор дар хориҷа танҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат кунанд. 

"Дар ҳоли ҳозир Хадамоти муҳоҷират сабти номи довталабонро барои ҷалби созмонҳо дар Русия ва Британиёи Кабир дар асоси қарордод бо корфармоёни ин кишварҳо идома медиҳад",- хабар додааст "Азия Плюс" аз қавли масъулини Хадамот.

Чанд рӯз қабл Радиои Озодӣ аз боздошти раиси ширкати “Даври истиқлол”, ки бо ваъдаи ба Бритониё бурдан аз даҳҳо корҷӯйи тоҷик пул гирифт, гузорише омода кард.

Иброҳим Аҳмадов ба “қаллобӣ” ва “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” муттаҳам аст. Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар парвандаи ӯ ба камияш 147 кас ҷабрдида ҳастанд. Назари боздоштшуда маълум нест.То кунун дар бораи чанд мавриди қаллобӣ гузориш шудааст.

Кори мавсимӣ дар Бритониё барои онҳо нав аст ва сафарро ба ин кишвари аврупоӣ фурсати ҷолиб медонанд. Пештар Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон аз афзоиши мавридҳои қаллобӣ барои даъват ба кор дар ин кишвар хабар дода, аз сокинон хоста буд, танҳо бо роҳҳои қонунӣ бираванд.