Маҳбуси собиқи тоҷик мегӯяд, ӯро афроди номаълум аз номи мақомоти Тоҷикистон дар Русия таъқиб мекунанд.
Сайдалӣ Казаков, собиқ маҳбуси зиндони №1-и Душанбе, ки ҳоло дар Русия ба сар мебарад, тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди номаълум дар бозорҳои шаҳри Санкт- Петербург ӯро ҷустуҷӯ мекунанд.
Ба қавли Казаков, ин афрод худро корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ карда, либоси мулкӣ ба тан доранд ва дар даст акси ӯ макони зисти ӯро суроғ мекунанд.
Сайдалӣ Казаков гуфт, хешовандонаш ба КДАМ рафтаанд, то бифаҳманд, ки ӯ дар ҳақиқат ҷустуҷӯ мешавад, ё не, аммо дар ин ниҳод гуфтаанд, ки ҳамчунин шахсро ҷустуҷӯ надоранд. Як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки масъули ҷустуҷӯи ҷинояткорон дар хориҷи кишвар аст, бидуни зикри номаш гуфт, ҳамчунин нафар дар феҳристи ҷустуҷӯи ин ниҳод нест.
Сайдалӣ Казаков 23-юми марти соли 2005 бо ҷурми тамаъҷӯӣ ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ муҳокима ва зиндонӣ шуд. Ӯ рӯзи 8-уми октябр пас аз 7 солу 7 моҳи адои ҷазо дар маҳбаси рақами 1-и Душанбе раҳо шуд ва пас аз озодӣ тариқи матбуот эълон дошт, ки кормандони маҳбас бо сӯистифода аз номи президент ва раҳбарони дигар зиндониёнро шиканҷа медиҳанд.
Ӯ яке аз маҳбусонест, ки барои бо роҳи шиканҷа ба ҳалокат расидани маҳбус Ҳамза Икромзода шаҳодат додааст.
Намояндаи раёсати Вазорати адлияи Тоҷикистон дар умури маҳбасҳо тасдиқ кард, ки Сайдалӣ Казаков аз моҳи марти соли 2003 то 8-уми октябри 2012 дар зиндон буда, дар ин муддат борҳо қоидаҳои маҳбасро вайрон кардаву барои ин ба ҷазо кашонида шудааст.
Ҳоло Сайдалӣ Казаков дар шаҳри Санкт-Петербург, ба қавли худаш, захмҳои бар асари шиканҷа дар зиндон гирифтаашро табобат мекунад ва аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ барои баромадҳояш муҷозот мешавад. Ӯ мегӯяд, агар дар ҷустуҷӯи ҳукумат қарор дошта бошад, омода аст, ҳамин ҳоло ба Душанбе баргардад.