Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И.Шарифов: "Ягон хеши ман дар зиндонҳо кор намекунад"


Генерал Иззатулло Шарифов
Генерал Иззатулло Шарифов

Масъулони Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон иддаои маҳбуси собиқ Сайдалӣ Казаковро бепоя хонданд.

Масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон иддаои Сайдалӣ Казаков, собиқ маҳбуси зиндони рақами яки пойтахтро беасос дониста, онро як навъ вокуниш ба сахттар шудани тартибу низом дар муасиссаҳои ислоҳии кишвар меноманд.

Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Казаков, ки ҳамагӣ се рӯз пеш аз маҳбас раҳо шудааст, мегӯяд, дар муддати 7 солу 7 моҳе, ки дар зиндон будааст, шоҳиди бевоситаи озори бераҳмонаи маҳбусон гашта, худи ӯ низ осори захми чунин шиканҷаро дар сар ва баданаш дорад.

Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия ва раҳбари Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба иддаои ин маҳбус гуфт, "онҳо қонуншикананд ва нозирони маҳбас дар доираи қонун тартибу низомро талаб мекунанд. Барои ҳамин ҳам, ба онҳо ин маъқул нест. Зеро агар кормандони маҳбас аз шиканҷаву озор кор бигиранд, мо махсус хадамоти бехатарӣ дорем ва нисбат ба онҳо чора андешида, ҳатто аз кор ҳам меронем. Ҳамчунин, фишангҳои махсус дорем, ки тариқи онҳо таъсир мерасонем. Ҳайронам, чаро дигар маҳбусон дар ин бора шикоят накардаанду махсус Казаков?"

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00
Линки мустақим


Сайдалӣ Казаков
Сайдалӣ Казаков
Аммо Сайдалӣ Казаков мегӯяд, ҳимояти раҳбарият аз бадрафтории нозирони маҳбас ва беҷазо мондани онҳо ҳатто пас аз ҳалокати маҳбусон дар дохили зиндон сабаб шудааст, ки ӯ рӯ ба воситаҳои ахбори ом оварад ва бадрафториҳо дар маҳбасро ба гӯши ҷомеа ва сарвари давлат расонад. Ӯ меафзояд, нозирони зиндон бо истифода аз номи президент ва генерал Иззаттуло Шарифов маҳбусонро шиканҷа медиҳанд.

Сайдалӣ гуфт, "онҳо ба маҳбусоне, ки мехоҳанд аз ҳуқуқашон дифоъ кунанд, мегӯянд, агар Шумо одам медоштед, аз сари суд озод мешудед. Агар Шумо муред ҳам, мурдаатон 25 дирам арзиш дорад, чун прокурор ҳам нафари мост. Ё мегӯянд, ман аз Данғара ҳастам ва ҷияни Иззаттуло Шарифов ва ҷаноб ҳам аз ҷои мост. Мо намедонем, то куҷо худи Изаттулло Шарифов ва ҳам президенти кишвар аз ин бадрафториҳо хабар доранд."

САЙДАЛӢ КАЗАКОВ ЧӢ МЕГӮЯД?

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири адлия ва раҳбари Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон ин ҳарфҳои собиқ маҳбусро бофтаи хаёл хонд ва гузашта аз ин гуфт, дар системаи иҷрои ҷазои низомӣ ҳеҷ яке аз пайвандонаш фаъолият намекунад ва ӯ ба ин роҳ нахоҳад дод. Ӯ афзуд, "на ягон фарзанд ва на ягон хешу табори ман дар ин система кор намекунанд. Агар кадоме аз ин кормандон ҳамноҳияи ман бошад, маънои онро надорад, ки вай ҷияни ман аст. Ё ин ки ҳамному ҳамнасаби ман бошад, ба он маънӣ нест, ки хеши ман ва ё аз президент аст. Чун дигар баҳона надоранд, ҳамин суханонро мебофанд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00
Линки мустақим


Яке аз зиндонҳои пойтахт
Яке аз зиндонҳои пойтахт
Ба иддаои Сайдалӣ Казаков, дар дохили маҳбас ду корманде ҳастанд, ки бо роҳҳои гуногун маҷбур мекунанд, маҳбус вокуниш кунад ва бо ин баҳона ӯро ба ШИЗО ё ҳуҷраи ҷаримавӣ баранду латукӯб кунанд ва дар ивази раҳоӣ аз наздикони ӯ пул гиранд. Ҳамчунин, ин маҳбуси собиқ аз вазъи беҳдоштиву шароити зиндон шикоят мекунад. Ба гуфтаи вай дар як утоқи баробар бо 12 метри мураббаъ 8 нафар қарор доранд, ки на танҳо паҳлӯ гаштан, балки нафас кашидан мушкил аст. Гузашта аз ин ба гуфтаи вай, аксаран зиндониёне, ки гирифтори сил ва ҳам Вич-анд якҷоя бо маҳбсуони дигар нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба нақли Сайдалӣ Казаков, "масалан, бо як теғ мӯи сари 12 нафарро метарошиданд. То ҳадде, ки теғ кунд мешуд, сару лабҳоро бурида хуншор мекард. Баъд мо чун медонистем, кӣ бемории Вич дорад, аввал мо теғро истифода мекардем, баъд онҳо. Ҳоло бошад, як каме беҳтар, аллакай 2 теғ медиҳанд."

Аммо Назирмат Ҳилолов, муовини сардори Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба олами ҷиноӣ рабт доштан ва ҷинояткори хатарнок будани Сайдалӣ таъкид мекунад. Ҷаноби Ҳилолов дар сӯҳбат бо мо гуфт, "Казаков яке аз ашаддитарин маҳбусон буд. Се сол қабл вақте дар зиндони мавсум ба "Кирпичный", воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, нигоҳ догшта мешуд, барои ҳамкорӣ намудан бо олами ҷиноӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша бо қарори додгоҳ барои 2 сол ба зиндони рақами 1 интиқол ёфт ва маҳбасӣ шуд."

Дар ҳоле ки Сайдалӣ Казаков гуфтааст, дар наздиктарин фурсат бо баргузории як нишасти матбуотӣ мехоҳад, аз воқеияти зиндонҳо ҳикоят кунад, Иззаттуло Шарифов, муовини вазири адлия ва раҳбари Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон дастур додааст, ки шикоятҳои ӯ мавриди омӯзиш қарор гиранд.
XS
SM
MD
LG