24 соли президентӣ

24 апрели соли 1990 Шӯрои олии Қазоқистон қонун дар бораи таъсиси мансаби президентиро қабул кард. Дар ин рӯз Шӯрои олӣ ба мансаби олии кишвар Нурсултон Назарбоеви  49-соларо интихоб кард. Дар акс Нурсултон Назарбоев (аз чап) ҳангоми нишасти матбуотии ҳайати Қазоқистон дар Маскав соли 1981.

Ба вазифаи котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби комунситии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 22 июни соли 1989 таъин шуда буд.

Дар акс: Президенти  СССР ва котиби генералии Кумитаи марказии ҳизби комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев (аз чап) ва президенти ҶШС Қазоқистон  котиби якуми Ҳизби комунистии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Москав, 25 сентябри соли 1990.

1 декабри соли 1991 дар аввалин интихоботи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ғолиб омад.

Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ дар аввалин интихоботи президентӣ 88,2 дарсади шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй ширкат кардаанд, ки 98,7 дарсадашон ба ҷонибдории Назарбоев овоз додаанд. Аз ин лазҳза инҷониб муддати 24 сол Назарбоев роҳбари Қазоқистон аст.

Дар акс. Нурсултон Назарбоев ҳангоми маросими қасамёдкунӣ баъд аз интихобот. Алмаато, декабри соли 1991.

 

16 декабри соли 1991, 15 рӯз баъди баргузории интитхобот Қазоқистон охирн кишвари Шӯравӣ буд, ки истиқлолияти худро эълон кард. Баъд аз чанд рӯз дар Алмаато созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди давлатҳои Муштарак ба имзо расид.

Дар акс: Роҳбарони кишварҳо дар маросими имзои созишнома дар бораи таъсиси Давлатҳои Муштаракулманофеъ. Алмаато, 21 декабри соли 1991.

29 апрели соли 1995 дар Қазоққистон ҳамапурсӣ дар бораи тамдид кардани муддати президентии Назарбоев то 1 декабри соли 2000 баргузор шуд. Дар ин ҳамапурсӣ  95,46 дарсади мардум ба ҷонибдории Назарбоев овоз додаанд.

Дар акс: Назарбоев дар майдони кишати гандум. соли 1992.

Дар давмои 24 сол интихоботи умумимилӣ дар Қазоқистон чаҳор маротиба баргузор шудааст.дар солиҳои 1991, 1999, 2005 ва 2011. Интихоботҳои соли 1999 ва 2011 интихоботи пешазмуҳлат буд.

Нурсултон Назарбоев дар маросими савгандёдкунӣ 20 январи соли 1999.

 

Дар интихоботи президентии 4 декабри соли 2005 Нурсултон Назарбоев, аз руи маълумоти расмӣ 91 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст ва имкони ҳафт соли дигар роҳбарии ин кишварро соҳиб шуд.

Нурсултон Назарбоев бо ҳамсараш Сарой Назарбоева дар ҳавзаи нитихоботӣ. Остона, 4 декабри соли 2005.

 

Шаҳодатномаи Комисияи марказии интихобот дар бораи он ки Нурсултон Назарбоев дар интихобот ғолиб омад ва президенти кишвар шуд. Ин шаҳодатнома дар осорхонаи аввалин президенти Қазоқистон нигаҳдорӣ мешавад.

Нурсултон Назарбоев, дар маросими савгандёдкунӣ баъд аз интихоботи соли 2011. Тибқи иттиллои Комисияи марказии итихобот Назарбоев беш аз  95 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст. Остона, 8 апрели соли  2011.
 

Дар акс: Нурсултон Назарбоев дар "тахти шоҳӣ" ҳангоми ба навор бардоштани филми "Кучманчӣ". 17 феврали соли 2004.

Тахтаи эълон дар кӯчаҳои Алмаато бо акси Назарбоев. 7 январи соли 2009.
 

Интихоботи президентӣ ва парлумонии соли 1995 -и Қазоқистонро Созмонҳои ҷаҳони ғайри демократӣ  хонданд.

Дар акс. Симои Нурсултон Назарбоев дар  арки "Қазақ елі" дар Остона.

Баъд аз интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон дар соли 1999, дар назди ситоди интихоботӣ ҳизби сиёсии Назарбоев бо номи "Отан" таъсис дода шуд. Ҳоло ин ҳизби сиёсӣ бо номи "Нур Отан" ниҳоди қонунгузории ин кишварро идора мекунад.

Дар акс. Президент Нурсултон Назарбоев дар ҷаласае вайро роҳбари  ҳизби «Нур Отан» интихоб карданд. Остона, 25 ноябри 2011.

 

15 маи соли 2010 қонун дар бораи пешвои миллат интихоб шудани аввалин президенти Қазоқистон Назарбоев қабул гардид. Дар ин қонун омадааст, ки дашнома ва паҳн кардани маълумот дар бораи пешвои миллат дар ҳузури ом ҷарима ваё ҳабс то як сол таъин карда шуд, аммо агар ин кор ба воситаи ВАО анҷом шуда бошад то се сол равонаи зиндон карда мешавад.

Дар акс пайкараи Назарбоев дар осорхонаи Донишгоҳи қазоқиву туркӣ. Соли  2002.

Беш аз сад китоб бо муаллифии Нурсултон Назарбоев, нашр шудааст. Дар Қазоқистон сари ҳар вақт намоиши китобҳои президент баргузор мешавад ва корҳои илмӣ аз руи китобҳои вай анҷом дода мешавад.
 

Академияи илмҳои Қазоқистон ба Назарбоев унвони "Олими аср" додааст. Дар акс Донишгоҳи Назарбоев. 29 ноябри соли 2012.  

Пайкараи Назарбоев дар шаҳри Чолпон-Атеи вилояти Иссиқ-Кули Қирғизистон.  Июни соли 2007.

Дар ду кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ - Қазоқистон ва Узбакистон роҳбарон аз замони Шӯравӣ ҳукуматро ба даст гирифтаанд.

16 декабри соли 2011 дар шаҳри  Жанаозен коргарон гирдиҳамоӣ карданд ва аз тарафи мақомоти қудратӣ ҳудуди 16 нафари онҳо кушта шуд. Назарбоев 22 декабри соли 2011 дар иҳотаи полис ба саволи хабарнигорон ҷавоб медиҳад.
 

Расонаҳои Ғарб менависанд, ки Нурсултон Назарбоеви 73 сола, эҳтимол дорад дар интихоботи навбатӣ иштирок кунад. Дар моҳи  феврали соли 2014 ба саволи  хабарнигори Bloomberg дар бораи ширкаташ дар интихоботи оянда Назарбоев гуфта буд "Ман то охири соли 2016 интихоб шудаам, ин муҳлат анҷом  шавад, мебинем".