Қабидулло Жақиров-раиси Маҷлис 13 январ эълон кард, ки тасмим дар бораи пароканда кардани порламонро намояндагон ба иттифоқи оро қабул карданд. Ин пешниҳодро баъд аз поин рафтани арзиши танга-пули миллии Қазоқистон як гурӯҳи намояндагони порламон пешниҳод карданд.
Қазоқистон чун кишвари бузурги иқтисодии Осиёи Миёна ва кишвари дорои захираҳои нафт зери таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия бо поин рафтани нархи нафт мубориза мекунад.
Бино ба қонунҳои Қазоқистон, раиси ҷумҳури ин кишвар ҳақ дорад, пеш аз вақт порламонро пароканда кунад ва дар давоми ду моҳи баъд аз пароканда шудани порламон рӯзи баргузории интихоботи зудрасро эълон кунад.
Мӯҳлати фаъолияти порламони кунунӣ бояд дар тирамоҳи соли 2016 ба поён расад. Ддар мусоҳибае бо Досим Саптаев-таҳлилгари умури сисёсии Қазоқистон дар алмаато пурсидам, сабаб чӣ аст, ки порламон худашро мехоҳад пароканда кунад?
Саптаев: Дар бораи имкони интихоботи зудраси порламонӣ дар Қазоқистон гуфтугӯҳо соли гузашта баъд аз баргузории интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ шуруъ шуда буд. Ҳатто сару садоҳое низ буд, ки интихоботи зудрас мумкин аст дар соли 2015 баргузор шавад. Вале раҳбарият тасмим гирифт, ки дар як сол ду интихоботи зудрас ва ду маъракаи интихоботӣ баргузор накунанд. Барои ҳамин интихоботи зудраси порламонӣ ба соли 2016 гузашт. Агар ба гузашта нигоҳ кунем, мебинем, ки солҳои охир чанд интихобот зудрас будааст. Масалан, интихоботи соли 2012 низ зудрас буд. Барои ҳамин ин кор тааҷубовар нест”.
Суол: Оё дар интихоботи зудраси кунунӣ таркиби нируҳои сиёсӣ тағир хоҳад кард?
Саптаев: Усулан таркиби ҳизбҳое, ки дар маъракаи интихоботӣ ширкат хоҳанд кард, тақрибан ҳамон нируҳои кӯҳна ҳастанд. Бозигарони нав нестанд. Вале истисно ин аст, ки соли гузашта чанд ҳизби ҷонибдори раиси ҷумҳур муттаҳид шуданд, аз ҷумла ҳизби “Патриот” ва Ҳизби “Аул” . Илова бар ин соли гузашта ҳукумат бо мамнуъ эълон кардани фаъолияти Ҳизби Куммунист майдони сисёсии кишварро аз мухолифони худ пок кард. Ба ҳамин сабаб ҳоло дар майдони сиёсӣ фақат ҳизбҳои ҷонибдори раиси ҷумҳур мондаанд. Ин бад-он маъно хоҳад буд, ки дар интихобот рақобат ва ё муборизаи воқеӣ нахоҳад буд.
Суол: Шумо фикр намекунед, ки ташаббуси баргузории интихоботи зудрас аз худи раиси ҷумҳур бармеояд?
Саптаев: Бале, албатта тасмими намояндагони порламон дар бораи пароканда кардани худ ҳеҷ гоҳ ташаббуси худашон нахоҳад буд, зеро дар ҳаёти сиёсии Қазоқистон порламон нақши зердастро дорад. Раҳбари давлат ба ақидаву афкори намояндагони порламон таъсири бузург мегузорад. Онҳо ин тарҳи сиёсии аз пеш тарҳрезишударо иҷро мекунанд. Барои ҳамин вакилон ян навъ бозтоби ақидаҳои раиси ҷумҳур мебошанд. Ин интихоботро дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар охири соли гузашта ба нақша гирифта буд. Албатта, порламон нақши калидӣ бозӣ намекунад. Барои ҳамин касе аз ин интихобот чизеро интизор нест.
Суол: Шояд мехоҳанд интихоботро зудтар баргузор кунанд, ки ваъъ дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ шадидтар нашавад?
Саптаев: Вакилон ҳамин нуктаро изҳор доштанд, ки гӯё интихоботи зудрас ба сабаби бад шудани вазъи иқтисодӣ бояд баргузор шавад. Таври маълум рӯҳияи ҳизбҳои сисёсӣ ба рӯҳияи интихобкунанда вобаста аст ва дар навбати худ рӯҳияи интихобкунадагон ба вазъи иқтисодӣ вобаста аст. Вале дар Қазоқистон ин омил комилан кор намедиҳад. Ҳизбҳои сисёсии мо ба порламон барои он роҳ намеёбанд, ки ингтихобкунандагон аз онҳо ҳимоят мекунанд, балки барои он роҳ меёбанд, ки ҳукмати иҷроӣ барои онҳо чӣ гуна шароит месозад.
Суол: Ҳизбҳои мухолиф ба тасмим дар бораи пароканда кардани порламон чӣ вокуниш нишон доданд?
Саптаев: Бо назардошти он ки дар Қазоқистон амалан раҳбарони мухолиф боқӣ намондаанд, яъне дар давоми ду соли охир онҳо ё аз саҳнаи сиёсӣ ронда шудаанд ё бетарафиро ихтиёр кардаанд ва ё ба хориҷ рафтаанд, барои ҳамин аз тарафи нируҳои сисёсии мухолиф вокунише дида намешавад.