Даҳҳо нафар дар боғи марказии Алмаато бузургтарин шаҳри кишвар ҷамъ омаданд ва чунин шиор медоданд: “Ҳиҷолат бикашед!”, “Таҳрим!”, “Зиндониёни сиёсиро раҳо кунед!”, "Халқ хаста шуд!", "Нурсултон шаҳри ман нест!", "Нест бод ҳукумат!".
Ба зудӣ даҳҳо нафари дигар ба онҳо пайваст ва шумораашон аз 400 нафар гузашт, хабар медиҳанд гузоришгарони Баъши қазоқии Радиои Озодӣ. Ҷамъомадагон ҳамчунин нидо медоданд, ки "Чол, рав!" ва манзурашон аз "чол" Дабири якумрии Шӯрои амнияти Қазоқистон, президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев буд.
Қазоқистон рӯзи 9-уми июн интихобот дорад, чун Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқ, ки аз замони ба даст овардани истиқлол дар соли 1991 раҳбарӣ мекард, моҳи март аз мақомаш истеъфо дод.
Дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон тазоҳургарон дар назди толори бузурги консертии Остона ҷамъ омаданд ва самти қароргоҳҳои ҳукуматӣ ҳаракат карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз тазоҳургарон “мардум хаста шудаанд” ва “марг бар ҳукумат” фарёд мекашиданд. Тазоҳуроти беиҷоза дар ҳузури маъмурони зиёди пулис сурат гирифт ва мақомот аз тазоҳургарон талаб мекарданд, ки пароканда шаванд.
Дар шаҳри Нурсултон чанде аз тазоҳургаронро дар ду автобус савор карда бурданд. Барои боздошти баъзеҳо аз калтаки резинӣ истифода бурданд.
Нурсултон Назарбоев, ки ҳануз, раиси ҳизби ҳокими Нуротан аст, рӯзи 23-уми апрел Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури муваққатро номзад ба мақоми президент пешбарӣ кард. Бисёриҳо мегӯянд, яқин аст, ки ӯ дар интихобот пирӯз мешавад.
Ягона ҳизби расмӣ дар Қазоқистон, ки худро мухолифи давлат эълон кардааст, гуфтааст, ки дар интихобот ширкат намеварзад, чун дар сурати ширкат ҳамчун “лӯхтаки ҳукумат” муаррифӣ мешавад.
Мухолифону мунтақидони ҳукумат ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Нурсултон Назарбоев, ки танқидро зиёд таҳаммул намекард ва бисёре аз мардумро аз ҳуқуқаш маҳрум карда буд, ҷараёнҳои демократиро дасткорӣ кард ва муддати тӯлон дар қудрат монд. Қазоқистони саршор аз нафту газ тақрибан 19 миллион нафар аҳолӣ дорад.
Осия Тулесова ва Бойбарис Толимбеков ду фаъоли қазоқро рӯзи 21-уми апрел барои шиор бардоштан дар ҷараёни марафон дар Алмаато ба 15 рӯзӣ ба ҳабс маҳкум карданд. Ҳарду нафар зимни марафон шиоре доштанд, ки ба интихоботи одилона даъват мекард.
Гуруҳи дигареро, ки ба нишони эътироз аз боздошти ин ду нафар дар шаҳри Нурсултон раҳпаймоӣ карданд, рӯзи 28-уми апрел дастгир намуданд.
Рӯзи 29-уми апрел Роман Захаров, як фаъоли дигаре ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд, чун як шиоре дар пуле дар маркази Алмаато овехт, ки дар он ҷумлае аз Қонуни асосӣ навишта шуда буд: Халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст”. Ӯро баъдан 33 доллар ҷарима баста раҳо карданд.