Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои интихоботи президентии Қазоқистон ду нафар шуданд


Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон (ФИКҚ) номзади худро ба интихоботи президентии пешорӯ пешбарӣ кард.

Рӯзи чаҳоршанбеи 24 апрел номзадии раиси намояндагии иттифоқи касаба дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Амангелдӣ Таспихов дар ҷаласаи шӯрои кулли Федератсияи иттифоқҳо тасдиқ шуд.

Амангелдӣ Таспихов соли 1959 дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ таваллуд шудааст. Вай донишгоҳи политехникиро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. Дар солҳои мухталиф дар вазорати саноат ва тиҷорат фаъолият карда, дар солҳои гуногун вакили маҷлиси маҳаллӣ ва порлумони Қазоқистон низ буд.

Комисияи марказии интихоботӣ хабар дод, ки номзади Ҳизби "Нур Отан" Қосимҷомарт Тоқаев "имтиҳони забони давлатиро муваффақона супорид".

Пешбарии номзадҳо 28 апрел ба поён мерасад. Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 9 июн баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG