Пешниҳоди "Сарзамини Биёбони Бузург" номидани Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев пешниҳод кардааст, ки ба Қазоқистон номи рамзии "Сарзамини Биёбони Бузург" ё "Ули дала Ели" дода шавад.

Рӯзи 11 сентябр дар Остона-пойтахти Қазоқистон ҷашни 550 солагии ташкили хонигарии қазоқҳо баргузор шуд ва дар ин ҷашн Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури он кишвар эълон кард, ки ба Қазоқистон номи рамзӣ ва ғайрирасмии “Сарзамини Биёбони Бузург” ё “Ули дала Ели” (“Земля Великой Степи”) дода шавад, он гуна ки дар ҷаҳон аз Ҷопон “Кишвари тулӯи офтоб”, аз Ҳоллланд ”Сарзамини лолаҳо” ном мебаранд. Вай гуфт, қазоқҳоро аз қадим чун фарзандони биёбони бузург мешиносанд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ҷашни 550 солагии ташкили хонигарии қазоқ, мулоқоти панҷуми кишварҳои туркзабон ё Шӯрои кишварҳои туркзабон Туркияву Озарбойҷон ва Қазоқистону Қирғизистон баргузор шуд.

Дар як гуфтугӯ аз Мерҳат Шарифҷон, коршиноси умури Қазоқистон пурсидам, ақидаи таҷлил аз 550 солагии ташкили хонигарии қазоқҳо аз куҷо сарчашма мегирад? Магар ин ақида бо изҳороти моҳи августи соли гузаштаи Путин иртибот надорад, ки гуфта буд, қазоқҳо дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ давлат надоштаанд?

Мерҳат Шарифҷон: Шумо комилан дуруст мегӯед. Ин солгард бо изҳороти Путин иртиботи мустақим дорад, зеро Путин баъд аз чанд моҳи тасарруфи Қрим ин изҳоротро ба забон овард. Ин суханони вай дар рӯзҳое, ки дар Донбасс муноқишаҳо оғоз ёфта буд, баъзе маҳофили қазоқро нигарон кард ва онро чун ишораи хатар қабул карданд. Назарбоев билофосила эълон кард, ки бояд 550 солагии хонигарии қазоқро баргузор кунанд. Вале то он вақт дар Қазоқистон дар бораи ин солгард сӯҳбат намекарданд. То он вақт таърихшиносон баҳсҳои худро роҷеъ ба санаи дақиқи ташкили хонигарӣ идома медоданд ва ҳанӯз ба натиҷае нарасида буданд. Барои ҳамин гуфтани он, ки дақиқ 550 сол пеш хонигарӣ ташкил шудааст, кори мушкилест. Бо назардошти ин, метавон хулоса кард, ки омодагии таъҷилӣ ба ин солгард усулан бо ин изҳороти Путин иртиботи мустақим дорад.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки додани номи рамзии “Сарзамини Биёбони Бузург” аз таърихи мардуме гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин сарзамин маъво гирифта буданд?

Мерҳат Шарифҷон: Албатта, ин як навъ паём ё ҷавоб ба Путин аст. Гарчӣ дар гузаштаҳо ин сарзамин Қазоқистон ном надошт ва онро дар сарчашмаҳои арабӣ “Дашти Қипҷоқ” ё дар сарчашмаҳои чиноӣ “Кишвари ваҳшиҳо” ном бурдаанд, ҳеҷ гоҳ номи имрӯзаи худ, яъне “Қазоқистон”-ро надошт. Онро сарзамини ҷузҳои мухталиф, мисли найманҳо, кириҳо, усунҳо, канглиҳо ва ғайра ном мебурданд ва дар сарчашмаҳо он чун “Сарзамини биёбони бузург” ёд шудааст. Ин ном гувоҳи он аст, ки дар ин сарзамин гурӯҳҳои зиёди этникӣ зандагӣ кардаанд, вале дар муқоиса бо минтақаҳои дигар ҳоло дар ин сарзамин оромӣ ҳифз мешавад.

Озодӣ: Дар ин рӯзҳо дар Қазоқистон дар қонун “Роҷеъ ба анҷумани мардуми Қазоқистон” мехоҳанд иловае ворид кунанд ва ибораи “Мангилик Ел”-ро ба унвони ормони миллӣ рушд диҳанд. Ҳадаф чист ва он чӣ маънӣ дорад?

Мерҳат Шарифҷон: “Мангилик Ел” аз забони қазоқӣ миллат ё мардум ё давлати абадӣ тарҷума мешавад. Яъне ин ҳам як навъ ишора ба баъзе аз доираҳои берун аз Қазоқистон аст, ки мехоҳанд ин кишварро бахше аз қаламрави худ ё минтақаи зери нуфузи худ муаррифӣ кунанд. Ин ақидаро барои он дар Анҷумани мардуми Қазоқистон матраҳ карданд, ки мехоҳанд онро тавассути раҳбарони гурӯҳҳои этникии ин кишвар ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Ҳоло ин анҷуман “Анҷумани мардумони Қазоқистон” не, балки “Анҷумани мардуми Қазоқистон” ном дорад. Ин ба он маъност, ки дар Қазоқистон як мардум ё як халқ вуҷуд дорад ва он ҳам мардуми қазоқ. Ин анҷуман ҳамчунин парлумони алтернативии Қазоқистон шинохта шудааст. Назарбоев ва атрофиёни вай мехоҳанд нишон диҳанд, ки мо ҳам миллат ҳастем, мардуми гуногунмиллат ҳастем ва барои мо гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат азиз аст. Гузашта аз ин, 11 сентябр Назарбоев Шӯрои панҷуми кишварҳои туркзабонро баргузор кард ва ин барномаҳо ҳадафи худро доранд. Яъне вай ин пешниҳодҳоро на танҳо аз номи Қазоқистон матраҳ кард, балки аз номи кишварҳои туркзабон ба миён ниҳод ва ин ҷавобе ба Путин аз номи кишварҳои туркзабон хоҳад буд.