Ҳашт узви як хонавода аз яке аз рустоҳои Қазоқистон ба Сурия рафтаанд. Онҳо ба наздиконашон гуфтаанд, ки Бишкек барои хариди либосворӣ барои кӯдакон мераванд. Баъд аз ин гуфтаҳо 8 нафар узви хонаводаи Марат Мавлонов бедарак шудаанд ва касе дар бораи онҳо хабаре то ҳол хабаре надорад. Бино ба гуфтаи ҳамсояҳо, шабона Марат зану кӯдаконашро дар автобус шинонда рустои Қазигуртро тарк кардааст.
Ниҳодҳои интизомӣ баъд аз ҷустуҷӯ огаҳӣ ёфтанд, ки Марат оилаи худро ба Бишкек ва аз он ҷо ба Туркия ва аз Туркия ба Сурия расондааст. Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Дилоро Исо ба ин русто сафар кард ва мегӯяд, ниҳодҳои интизомӣ ба хешу табораш дар ин русто фишор меоранд ва намегузоранд, ки ному насаби ин хонаводаро ифшо кунанд. Ҳатто дар ҳар ҷо аз аъзои ин хонавода номи мустаорро ба забон меоранд ва дар мақолаҳое, ки рӯзномаҳои маҳаллӣ ҳам чоп кардаанд, ҳамин номҳои мустаор омадааст.
Дилоро Исо мегӯяд: “Ман 21 октябр аз рустои Қазигурт боздид кардам. Ин маркази идории ноҳияи Қазигурт дар вилояти Қазоқистони Ҷанубист. Ин русто аз шаҳри Чимкент 60 километр дуртар аст. Ҳамсояҳои Марат Мавлонов мегӯянд, ки вай дар аввали моҳи сентябр зану шаш фарзандашро гирифта бо худ ба Сурия бурдааст. Хонаашон калон аст. Замини калон доранд. Дар ҳавлии холӣ як мошин меистод. Онро бо гилем пӯшондаанд ва маълум аст, ки ҳавлӣ бесоҳиб аст”.
Ҳамдеҳагон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар наздикии хонаи Марат падару модари пири вай зиндагӣ мекунанд. Падари Марат бистарист ва аз ҷой бархоста наметавонад, вале модари пираш Анор намехост бо касе ҳамсӯҳбат шавад ва аз чашмони варамида ва обгирифтааш маълум буд, ки зиёд гиря мекунад. Садояш ҳам гирифта буд. Модар гуфтааст, ки намехоҳад дар бораи писари бевафояш сухане ба забон орад.
Дилоро дар бораи Марат Мавлонови 44-сола аз қавли ҳамкорони пешин ва сокинони русто мегӯяд: “Вай дар мактаби миёнаи ба номи Ораз Жандосов дар рустои Қазигурт тақрибан 15 сол муаллими забони русӣ будааст. Занаш Айгул хонанишинӣ мекардааст. Фарзанди калониаш дар синфҳои охири мактаб таҳсил мекард ва фарзанди аз ҳама хурдӣ ҳоло ширхора аст”.
Баъд аз фирор Марат ба телефони ҳамкоронаш ҷавоб намедиҳад ва телефонаш хомӯш аст. Яке аз ҳамсоягонаш мегӯяд, ки Марат тақрибан 4 сол пеш намозхониро шурӯъ кард ва ва як сол пеш занаш ҳиҷоб ба сар гирифт. Худи Марат риши кӯтоҳ доштааст, вале бо ононе, ки риш доштаанд, доим ҳамсӯҳбат мешудааст.
Досбол Бисенов, яке аз ҳамсоягони Марат дар рустои Қазигурт вайро ин гуна ба ёд меорад: “Ман вайро аз кӯдакӣ медонам. Вай муаллим буд. Дар кӯчаҳо бо ҳам сӯҳбат мекардем. Баъдтар бедарак шуд. Ҳамсояҳо фикр карданд, ки вай ба ягон ҷои дигар кӯчидааст. Намедонам... Вай вақтҳои охир намозхон шуда буд. Бо бачаҳояш намоз мехонд. Занашро ҳам мешиносам. Одамони хуб буданд. Ман ҳамаашонро аз кӯдакӣ медонам”.
Ҳамсояҳову дӯстонаш вайро бори охир 1 сентябр дидаанд. Дар дидоре бо ҳамсинфаш Мухтор Мадибеков боре гуфтааст, ки мехоҳад барои муддате рухсатии бемузд бигирад. Дар ин бора ба раҳбарияти мактаб аризаи худро пешниҳод карда ва хоҳиш намудааст, ки бо назардошти шароити оилавиаш ба вай шаш моҳ рухсатӣ диҳанд.
Баъд аз 1 сентябр вай ва аъзои оилаашро касе надидааст ва Бакадир Таушаев-мудири мактаб вайро аз кор дар мактаб ҳам хориҷ кардааст. Аммо Досбол Бисенов ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар ҷараёни боздид аз рустои Қазигурт гуфтааст, ки рӯзҳои охир кормандони Кумитаи давлатии амнияти Қазоқистон зуд-зуд ба рустои онҳо меоянд ва Марат Мавлоновро пурсуҷӯ мекунанд. Вале кормандони Кумитаи амният намехоҳанд дар бораи Марат маълумот диҳанд.