Дар Қазоқистон Назарбоев, "обрӯ ва оянда"-ро интихоб мекунанд

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳур ва номзади интихоботи президентии Қазоқистон

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз шаҳрвандони кишвараш хост, рӯзи 26-уми апрел "барои обрӯ ва ояндаи Қазоқистон" сарҷамъона пойи қуттиҳои раъй оянд ва раҳбари худро интихоб кунанд.

Дар Қазоқистон 26 апрел интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар ба ҷуз аз Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури кунунӣ ду номзади дигар дар он ширкат хоҳанд кард. Яке Тургун Сиздиков, раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон ва дигаре Абелгазӣ Кусаинов, раиси Иттиҳодияҳои синфии Қазоқистон мебошанд, ки аз роҳи худпешбарӣ сабти ном шудаанд.

Ин интихобот бояд моҳи апрели соли 2016 баргузор мешуд, вале онро як сол пеш оварданд. Аз ҳоло дар Қазоқистон Назарбоевро раиси ҷумҳур медонанд ва ду номзади дигарро як навъ номзадҳои рамзӣ барои ороиши саҳнавии корзори интихоботӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар мусоҳибае бо Бурихон Нурмуҳаммадов, мудири Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти иҷтимоии Қазоқистон пурсидам, бо назардошти ин ки номзадҳои дигари интихоботи раёсёати ҷумҳурӣ чандон шахсиятҳои шинохта ва қавӣ нестанд, интихоботи 26 апрел ҳамчун як навъ бозии сиёсӣ барои ба таври расмӣ тамдид кардани мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Назарбоев ба назар намерасад?

Нурмуҳаммадов: Ин интихоботи маъмулӣ хоҳад буд. Чанд номзад дар он ширкат мекунанд. Интихобот, албатта, бо назардошти вижагиҳои ҳаёти Қазоқистон дар чаҳорчӯбаи Қонуни асосӣ ва қонунҳои дигари ин кишвар баргузор мешавад. Агар Шумо дар ёд дошта бошед, чанд сол пеш талоше барои баргузории райъпурсӣ мушоҳида шуда буд. Он вақт низ раиси ҷумҳур интихобот баргузор кард ва ҳоло ҳам майли ширкат дар интихоботро дорад. Албатта, ақидаҳои мухолиф низ ҳастанд ва мегӯянд, ки интихобот бояд баъд аз 5 сол баргузор мешуд, на баъд аз 4 сол, яъне интихобот бояд моҳи апрели соли 2016 баргузор мегардид. Вале бо назардошти сабабҳои геополитикӣ интихоботи зудрас эълон карданд. Ман фикр мекунам, ки ин кор дар чаҳорчӯбаи Қонуни асосӣ ва ба таври қонунӣ сурат мегирад ва Назарбоев барои даври дигар низ раиси ҷумҳур интихоб мешавад.

Озодӣ: Вале Назарбоев дар чунин синну сол барои даври баъдии раёсаташ ҳавсалаву тавонмандии кофӣ хоҳад ёфт, агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки дар минтақа бозиҳои сиёсиву стратегӣ авҷ мегирад?

Нурмуҳаммадов: Ман мехоҳам бигӯям, ки ба андозаи кофӣ сиёсати таҳммулкорона ва ҳамаҷонибаи дохиливу хориҷие, ки Қазоқистон дар пеш гирифтааст, ҳам барои ҷалби сармояҳо ва ҳам дар бахши сиёсат дурустии худро нишон дод. Ду даҳсола ин кишвар талош кард, ки онро шиносанд ва ба кишваре табдил ёбад, ки ба он таваҷҷӯҳ пайдо кунанд. Ҳоло чунин эътиборро Қазоқистон ба даст овардааст ва ин эътибору нуфуз ба нафъи Қазоқистон “кор мекунад”. Ба ин маъно, ки акнун на танҳо худи Қазоқистон алоқаманди робита бо хориҷ аст, балки аз хориҷ мехоҳанд бо Қазоқистон муносибат дошта бошанд, дар иқтисоди он сармоя гузоранд. Ба ҳамин далел онҳо ҳаводори суботи сиёсӣ дар ин кишвар мебошанд. Метавон гуфт, ки то ҷое Қазоқистон нақши танзимкунандаи сиёсатҳои минтақавиро бозӣ мекунад. Бозигарони сиёсӣ худашон алоқаманд ҳастанд, ки чунин субот ҳифз шавад ва онҳо ҳам аз касе ҳимоя мекунанд, ки ин сиёсатҳоро пиёда мекунад. Мо чунин ҳимоятро аз ҷониби Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва аз ҷониби ҳамсоягони худ эҳсос мекунем.

Озодӣ: Медонед, Назарбоев ва Каримов то ҳол худро раисони ҷумҳури пештози минтақа медонистанд. Ҳоло шумо мегӯед, ки Назарбоев бори дигар интихоб хоҳад шуд. Ин ду нафар дар даври баъдии раёсати худ низ ҳамин нақши пешинаи худро ҳифз хоҳанд кард ва ё дар синни пирӣ ба раиси ҷумҳури рамзӣ табдил хоҳанд ёфт, чун дар ҷаҳон чунин таҷрибаҳо будааст?

Нурмуҳаммадов: Ман фикр мекунам, ки онҳо воқеан лидерони кишварҳои худ ҳастанд. Вале ин нукта низ ҳаст, ки кишварҳои онҳо худашон лидер мебошанд. Агар кишвар лидер бошад, масъулиятро бар дӯши худ мегирад. Дигаронро аз паси худ мебарад. Солҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки ин ду кишвар барои таъмини суботи вазъ дар минтақа ибтикороте нишон медиҳанд. Манофеи ин ду кишвар бо ҳам мутобиқат мекунад. Ин нишон медиҳад, ки онҳо барои оянда таҳкурсӣ мегузоранд, то субот ва рушд дар минтақа ҳифз шавад.