Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, баъди расидан ба қудрат дар соли 2016 барои таъқибу пайгарди онҳое, ки дар аҳди президенти пешин Ислом Каримов мансабҳои расмӣ доштанд, ҳеч талошро дареғ надошт.
Рӯйхати тӯлонӣ садҳо нафари, ба қавли ӯ, «калламуш» ва ходимони кӯҳнаи Вазорати молия, мақомоти баландпояи давлатӣ ва ниҳодҳои интизомии даврони Каримовро фаро гирифт. Дар ҳоле ки чанде аз пайвандони раиси ҷумҳури пешини Узбекистон низ шомили маъракаи «поккорӣ» шуданд, ҳамсараш Татяна Каримова мавриди ҳадаф набуд.
"Калламушҳо Фарғонаро нобуд карданд"
Ҳоло сармоягузорон ба ин суол посух меҷӯянд, ки ислоҳоти Мирзёиев воқеист ё танҳо роҳи интиқоли пулро ба ширкатҳо дигар кард?
Бино ба сабтҳое, ки ахиран дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, Шавкат Мирзиёев ба иқтисоди вилояти Фарғона тамаркуз кардааст. Ӯ аз адами корхонаҳои саноатӣ дар ин минтақа шадидан танқид карда ва гуфтааст, “дар 27 сол дар Фарғона ягон фабрикаи нав сохта нашуд. Агар тамоми полоишгоҳҳои нафти Фарғонаро ба оҳанпора супорем, фоидаи бештар мегирем.”
Ӯ афзуд, “келинҳои Фарғона ин полоишгоҳро ба тамом нобуд карданд. Ҳарчанд сахту дағал ҳам бошад, мегӯям. Ҳамаи Шумо медонед, ки ман дар бораи кӣ суҳбат мекунам.”
“Ин калламушҳо Фарғонаро иҳота карда, ҳарчи дошт, нобуд карданд. Ин ҳам ҳақиқат аст, ки онҳо полоишгоҳи нафти Фарғонаро идора менамуданд. “Бандит”-ҳо вилояти Фарғонаро ғорат карданд. Шумо медонед, ки ман дар бораи кӣ гап мезанам”, - бори дигар таъкид кард ӯ.
Нозирони сиёсати Узбекистон мегӯянд, ин гапҳои Шавкат Мирзиёев ба Татяна Каримова – ҳамсари раиси ҷумҳури пешини Узбекистон – ва хоҳараш Тамара Собирова рабт дошт. Писари Тамара Собирова корхонаи коркарди нафти Фарғонаро идора мекард ва гап дар бораи дуздии миллионҳо доллар дар ин корхона меравад.
"Анъанаи" даврони Шӯравӣ
Маълум нест, ки чаро ҳоло Мирзиёев тасмим гирифт, Татяна Каримоваро пайгирӣ кунад. Ҳарчанд чунин рафтор дар мавриди хонаводаи Ислом Каримов чизи тозае нест. Духтаронаш Гулнора Каримова ва Лола Тиллоева-Каримова чанд муддат боз таҳти назорати ҷиддӣ ҳастанд. Гулнора дар солҳои охири раҳбарии падараш ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.
“Аз як тараф ин анъанаи даврони Шӯравӣ ва баъди Шӯравист. Зидди хонавода ваё тарафдорони наздики раҳбари қабл аз худ ҳаракат мекунед. Барои онки дарк мекунед, ин кор барои таҳкими мавқеи шумо зарур аст”, - мегӯяд Ҷон Пурнел, сафири Амрико дар Узбекистон дар аввали солҳои 2000-ум.
Ӯ афзуд, Шавкат Мирзиёев нишон доданист, ки дар ҳоли ҳозир Узбекистон раҳбар ӯст. “Аз тарафи дигар, Мирзиёев мехоҳад ҳушдор диҳад, коррупсияе, ки дар даврони раҳбарии Ислом Каримов вуҷуд дошт, дигар қобили қабул нест”, - гуфт ӯ ва афзуд, “дар айни ҳол ин метавонад нигоҳи оптимистона бошад”.
Дар моҳҳои аввали баъди даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли 2016, Шавкат Мирзиёев маъракаи зидди фасоди молиро ба роҳ монд, ки даҳҳо мансабдори давлатии сатҳи болоро фаро гирифт. Аз ҷумла, раҳбари пурқудрати Хадамоти амнияти Узбекистон Рустам Иноятовро.
Дурахши Каримов хомӯш шуд
Худи Каримов, ки як замон бо панҷаҳои оҳанинаш унвони “падари миллат”-ро соҳиб шуда буд, аз ин маърака эмин намонд. Дурахши Каримов дар Узбекистон пас аз онки ҳукумати нав алайҳи “падари миллат” чанд қадам бардошт, хомӯш шуд.
Намояндагони чанде аз шабакаҳои телевизионӣ гуфтанд, ки бар асоси дастури нав набояд номи Ислом Каримов дар эфир садо диҳад. Кормандони осорхонаи давлатӣ дар шаҳри Тошканд хабар доданд, ки “портрет”-ҳои Каримов нобуд карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, хонаводаи Ислом Каримов дар мавридҳои хос дар мазҳари ом пайдо мешаванд. Татяна Каримова бори охир ҳангоми ифтитоҳи мақбараи шавҳараш дар моҳи августи соли 2017 дар Тошканд пайдо шуд. Вай дар ин маросим хеле кӯтоҳ суханронӣ кард ва болои қабри шавҳараш гул гузошт.
Дар ин маросим, инчунин, духтари хурдии Каримов – Лола Тиллоева ҳамроҳи набераи хурдии Каримов – Имон иштирок карданд. Модари Имон – Гулнора Каримова, собиқ тарроҳи либос ва дипломат, ки як замон вориси эҳтимолии тахти падар дониста мешуд, дар ҳабси хонагист. Мақомот ӯро дар пулшӯӣ айбдор карданд.
Лола Тиллоева-Каримова баъди маросими моҳи августи соли гузашта аз мақомҳояш даст кашид. Ӯ, ки ҳоло бо шавҳару фарзандонаш гоҳе дар Париж ва гоҳе дар Лос-Анҷелес мегардад, аз тарафи падараш сафири Узбекистон дар созмони ЮНЕСКО таъйин шуда буд.
Моҳи январи имсол Лола Тиллоева шикоят кард, ки дигар ба Узбекистон рафта наметавонад. Моҳи феврал хабар дод, ки аз мақомаш дар ЮНЕСКО даст кашидааст. Баъдан гуфт, маҷбур шудааст, аз мақоми ифтихориаш ба ҳайси раҳбари Федератсияи варзиши сабуки кишвараш низ истеъфо диҳад.
Таъсиси Бунёди Ислом Каримов аз тарафи ӯ, ки мероси раҳбари пешини Узбекистонро таблиғ мекунад, танҳо чизест, ки ӯро бо кишвараш мепайвандад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Гулнора Каримова аз зиндон озод шуд ва дар хонааш аст"Оё ислоҳоти Мирзиёев воқеист?
Кейт Мэллисон, пажӯҳишгари маркази Chatham House дар Бритониё мегӯяд, “ҳоло сармоягузорон ба ин суол посух меҷӯянд, ки ислоҳоти Мирзёиев воқеист ё танҳо роҳи интиқоли пулро ба ширкатҳо дигар кард?”.
Иқтисоди водии Фарғона, ки ноҳияҳои наздимарзии Узбекистон ва инчунин Қирғизистну Тоҷикистонро дар бар мегирад, умдатан аз ҳисоби кишоварзист. Аммо полоишгоҳи Узбекистон дар ин минтақа манбаи асоси маҳсулоти нафти коркардшуда мебошад.
Ба қавли нозирони умур, ин корхона аз соли 2000-ум таҳти идораи Акбаралӣ Абдуллоев, писари Тамара Собирова ва ҷияни Татяна Каримова буд. Инчунин гуфта мешавад, бисёр корхонаҳои бузург дар вилояти Фарғона, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагӣ ва меҳмонхонаҳо таҳти назорати Абдуллоев буданд.
Вай соли 2017 дар Украина боздошт шуд. Мақомоти Узбекистон аз Киев хостанд, ки ин нафари муттаҳам ба исрофкории миллионҳо долларро ба Тошканд истирдод кунад. Аммо моҳи июн Украина ба Абдуллоев мақоми паноҳандагӣ дод. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки баробари бозгашт ба ватан марг интизораш ҳаст. Ҳоло дар куҷо будани Акбаралӣ Абдуллоев маълум нест.
Стансилав Питричин, корманди илмии Академияи Русия мегӯяд, ки дар Узбекистон шахсиятҳо аз қудрат болотар буданд. Ӯ гуфт, “дар Узбекистон на идораҳо, балки одамон ва шахсиятҳо буданд”.
“Ислом Каримов ва хонаводааш дар маркази қудрат ва иқтисод буданд ва, албатта, вақте шахсият тағйир кард, система бояд тағйир кунад”, - хулоса кард ӯ.