Чанд далеле вуҷуд дорад, ки Гулнора Каримова, духтари калонии президенти собиқи Узбекистон аз зиндон озод шудааст. Ӯ соли 2015 бо ҳукми Додгоҳи Тошканд панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.Каримова ба гирифтани ришваи чандмиллиондолларӣ аз ширкатҳои мухобиротии ғарбӣ низ муттаҳам аст.
Як мақом дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, Гулнора Каримова баъди чанд муддати нигоҳдорӣ дар зиндони занонаи Зангиота озод ва дар ҳоли ҳозир дар хонааш дар кӯчаи Содиқ Азимови шаҳри Тошканд зиндагӣ дорад. Хабари озодшавии Гулнора Каримова рӯзи 1-уми октябр дар саҳифае, ки иддао мешавад ба Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова дар "Инстаграм" мутааллиқ аст, пайдо шуд.
Ҷудо аз корҳои давлатӣ, Гулнора Каримова ба ҳайси тарроҳи либосу ҷавоҳирот ва муассиси бренди атриёти Guli маъруф буд
Аммо дар Додситонии кулли Узбекистон хабари озодии Гулнора Каримоваро тасдиқ накарданд. "Каримова ба адои ҷазояш идома медиҳад", - гуфтанд дар Додситонии кулл.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ моҳи августи имсол хабар ёфта буд, ки Гулнора Каримова аз ҳабси хонагӣ раҳо шудааст. Он вақт на Додситонии кулл ва на вакили мудофеи швейтсарӣ Грегуар Манжа хабарро тасдиқ ё такзиб накарда буданд.
Паём дар Инстаграм: Модарам ҳоло дар хона аст
Рӯзи 28-уми сентябри имсол Имон Каримова баъди парвозаш аз Тошканд ба Лондон дар "Инстаграм" навишт, ки дар фурудгоҳи Узбекистон компютери ӯро ҷиддӣ тафтиш кардаанд. Баъдан, рӯзи 1-уми октябр, навишт, ки "модарам ҳоло дар хона аст. Барои ҳамин, чи чизи муҳимеро кофтаанд. Аҳмақона!"
Дар посух ба суоли корбарон, ки оё дар ин бора омодааст бо журналистон суҳбат кунад, Имон Каримова "не" гуфтааст. Дар мавриди онки чаро ӯ аз Тошканд рафт, духтари Гулнора Каримова таҳсилашро дар хориҷа далел пеш овард. Баъдан ӯ дар "Инстаграм" аксеро нашр кард, ки дар он рамзи Мактаби иқтисодии Лондон намудор аст.
Рӯзи 28-уми июли соли 2017 идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Додситонии кулли Узбекистон дар вебсайти расмиаш аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гулнора Каримова хабар дода буд. Дар ин иттилоия гуфта мешуд, ки додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Аммо рӯзи 2-юми октябри имсол хабарнигори Радиои Озодӣ дар сомонаи расмии Додситонии кулли Узбекистон ин иттилоъро наёфт.
Грегуар Манжа, вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова, моҳи июни имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояти ӯ дар шароити вазнин дар зиндони наздикии Тошканд нигоҳдорӣ мешавад.
Сууд ва суқути Гулнора Каримова
Гулнора Каримова, ки замоне вориси падар дар тахти президентӣ пешгӯӣ мешуд, дар гузашта дар Вазорати умури хориҷии он кишвар кор карда, намояндаи расмии Узбекистон дар чанд созмони байналмилалӣ буд. Ҷудо аз корҳои давлатӣ Гулнора Каримова ба ҳайси тарроҳи либосу ҷавоҳирот ва муассиси бренди атриёти Guli маъруф шудааст.
Ӯ инчунин талош кард ҳунари овозхонии худро бо исми мустаори Гугуша сайқал диҳад, вале дар муқоиса бо ҳунарҳои дигараш ин кор чандон муваффақ набуд.
Аммо номуваффақтарин марҳила ҳамоне шуд, ки ӯро дар чанд кишвари ғарбӣ барои фасоду ришвахорӣ муттаҳам карданд. Соли 2012 мақомот дар Узбакистон чанд шабакаи ТВ ва радиоҳои марбут ба Гулнораро дар саросари ин кишвар бастанд. Ва худи ӯ дар замони зинда будани падараш ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.