"Ман кӣ ҳастам? Ба кӣ таалуқ дорам? Оё ман бояд барои овозам ҷазо гирам?” Аксар занони афғон имрӯз ба ин саволҳо посух меҷӯянд. Бо омадани “Толибон” ба сари қудрат, занони афғон ҳуқуқ ба озодӣ, ба бадани худ ва ҳатто садояшонро аз даст доданд.
Дар охири моҳи август, ҳукумати "Толибон" қонуни наверо тасвиб кард, ки аз 35 банд иборат аст. Баробар бо дигар маҳдудиятҳо, бар пояи ин қонун, занон ҳақ надоранд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гап зананд ва ё чеҳраи худро нишон диҳанд. Ба гуфтаи мақомот, ин маҳдудиятҳо ба хотири "пешгирӣ аз корҳои бад" гирифта шудааст.
Қонун дар асоси фатвои Ҳайбатулло Охунзода, раҳбари “Толибон” тасвиб шуда, банди 13-уми он махсус ба занон равона шудааст. Дар қонун омадааст, ки садои зан, ҳамчун "сатри аврат" шинохта мешавад. Ба занон суруд хондан, гап задан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо садои баланд хонданро манъ карданд. Онҳо ҳақ доранд дар хона суҳбат кунанд, аммо он ҳам бояд тавре бошад, ки аз берун шунида нашавад. Ба гуфтаи “Толибон” ин "мухолифи шариати ислом аст".
Аз ин ба баъд, занон дар Афғонистон ҳамчунин ҳақ надоранд ба марде, ки бо он пайванди хунӣ ё никоҳ надорад (маҳрам) нигоҳ кунад. Бар асоси қонун, онҳо бояд тамоми бадани худро пинҳон кунанд ва чеҳраи худро ҳам пӯшонанд, то касеро ба худ ҷалб насозанд. Дар қонун омадааст, ки либоси занон бояд ҳариру танг ё кӯтоҳ набошад. Занон ҳамчунин бояд назди зан ё марди ғайримусалмон сару рӯйи худро пӯшонад, то аз кори баде пешгирӣ шавад.
“Толибон” се сол аст, ки дар Афғонистон қудратро дар даст доранд. Бо омадани онҳо дар кишвар қонунҳои нав ба нав тасвиб ва озодии занону мардон маҳдуд мешавад.
“Медонам, ки ба кор баромадан хавфи калон аст”
Баъди қабул шудани қонуну қоидаҳои нав, духтароне, ки кор мекарданд ва ё баъзан бе ҳамроҳии марди маҳрам ба кӯча мебаромаданд, акнун метарсанд, ки аз хона танҳо берун шаванд. Занони бемор ҳам, ки бояд ба назди духтур ё ба ҳавои тоза бароянд, акнун маҷбуранд дар кунҷи хона бимонанд. Ҳамчунин занону духтароне, ки шавҳарону бародаронашон дар мубориза бо “Толибон” ҷони худро аз даст додаанд, дар ҳолати хеле бад ва ночорӣ мондаанд.
Аксари занон мегӯянд, онҳо ҳатто ором нафас гирифта наметавонанд. Маҳдудиятҳои нав дар қонун барои ин занон як зарбаи сахти дигар шуд.
Мадинаи 27-сола, сокини Мазори Шариф, мегӯяд, "аввал ба мактабу донишгоҳҳо рафтанро манъ карданд. Маҷбур карданд, ки ҳиҷоб пӯшем, имрӯз садо ва симои мо манъ шуд. Онҳо аз мо чӣ мехоҳанд?”
Баъзе аз духтарон ба иллати доштани аллергия ё ҳассосият наметавонанд ниқоб пӯшанд, вале "Толибон" ба онҳо таҳдид мекунанд, ки агар бе ниқоб ва маҳрам ба берун бароянд “оқибати бад хоҳад дошт”
"Ман бо ҳиҷобе, ки Ислом бароям муайян кардааст, эҳтиром дорам, аммо он чизе, ки онҳо аз мо талаб доранд - дар Ислом нест,” - мегӯяд, Мадина. Ба гуфтаи вай занон аз рафтан ба берун метарсанд. Шароити феълиро онҳо ғуломӣ меноманд.
Бо бозгашти "Толибон" ба қудрат, занони афғонистонӣ истиқлоли иқтисодии худро аз даст доданд. Ҳоло онҳо ҳаққи кор дар бисёр соҳаҳоро надоранд. Корфармоёни зиёде аз қабули занону духтарон ба кор худдорӣ мекунанд. Ҳатто дар бахши хусусӣ, ки то чанд вақт пеш занон имкони кор пайдо кардан доштанд, акнун онҳоро ба кор қабул намекунанд. Чанде аз занон гуфтанд, дар посух ба аризаи кор танҳо ин посухро мешунаванд: “Мо занонро ба кор қабул намекунем. Шумо иҷозаи кор надоред.”
Онҳое ҳам ҳастанд, ки бо талоши зиёд тавонистаанд, дар ороишгоҳҳои шахсӣ ба кор дароянд. Он ҳам дар шаҳрҳои калон. Аммо ин занон ҳам баъди тасвиби қонуни нав аз хатар ба ҷони худ метарсанд.
Шоиста Ҷалолӣ, яке аз ин занон гуфт, тибқи шартнома вай дар як ҳафта се рӯз кор мекунад, аммо акнун кораш сахттар шуд.
“Медонам, ки бо ба кор даромадан роҳи хатарнокро пеш гирифтам. Ман аз аввал медонистам. Вале кӣ ба оилаи ман ва кӯдаконам пул медиҳад? Намехоҳам, ки фарзандони ман азоби гуруснагӣ кашанд.”
Духтарон дар тамоми Афғонистон ба мушкил ру ба рӯ шудаанд. Ҳатто агар ҳамроҳ бо марди маҳрам ҳам ба берун бароянд, бояд исбот кунад, ки он мард падар, бародар ё шавҳару писараш аст. Ҳангоми сафар аз як минтақа ба минтақаи дигари Афғонистон онҳо аз сӯйи "Толибон" бозпурсӣ мешаванд.
Шоиста мегӯяд, шароити занон дар деҳот ба фарқ аз шаҳрҳо мушкилтар аст. Аксари онҳо ҳуқуқҳои худро намедонанд ва тавре тарбия меёбанд, ки бояд ба мард итоат кунанд. Вай афзуд:
"Занон дар деҳаҳои хурди Афғонистон бар ин боваранд, ки онҳо барои кори хона ва таваллуди кӯдак ба дунё омада, бояд ҳамеша ба амри дигарон итоат кунанд. Онҳо фарзандони худро ҳам дар чунин фазо тарбия мекунанд. Агар зан ҳаққи худро надонад, чӣ тавр метавонад фарзандашро тарбия кунад? “Толибон” ҳоло садои занонро манъ карданд, аммо дар рустоҳо ин қонун кайҳо боз амал мекунад. Талоши зиёди ҳукумати пешин натиҷа надод. Барои тағйири куллӣ бояд занонро ба таълим фаро гирифт, вале занон дигар ба он дастрасӣ надоранд.”
Фишори равонӣ
Занон ҳарчӣ бештар дар инзиво қарор мегиранд. Дар вазъи феълӣ занон пурра мустақилияти худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи равоншинос Роҳа Каримӣ, дар чунин вазъ аксар занон ба фишори равонӣ гирифтор шуда, баъзе ҳам қасди худкушӣ кардаанд.
"Ҳолати афсурдагии духтарон бештар мешавад, худбаҳодиҳии онҳо поин рафта, дар муносибатҳои шахсӣ ба мушкил дучор мешаванд. Сабаби ҳамаи ин ҳам он аст, ки онҳо озод нестанд ва интихоби озод надоранд," – гуфт равоншинос.
Равоншиносон аз он нигаронанд, ки шароити кунунӣ метавонад мушкилотеро, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон ба миён омадаанд, даҳчанд кунад.
"Мо ҳеҷ гоҳ хомӯш намеистем"
Дар ҳоле, ки дар дохили кишвар мубориза барои ҳуқуқи худ хатарнок шудааст, ҳомиёни ҳуқуқи афғонистонӣ, ки дар кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд, талош доранд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қонуни нав, ки вазъияти бе ин ҳам бади занонро боз бадтар кардааст, ҷалб кунанд.
Фаъолони афғон бо нашри наворҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ, алайҳи маҳдудиятҳои ҷорикардаи “Толибон” эътироз карданд. Хода Ҳамош, муассиси созмони "Адолати занони афғон" ҳам яке аз онҳост.
"Толибон аллакай се сол боз талош доранд, занонро аз ҷомеа берун ва садои онҳоро хомӯш кунанд, Вале мо хомӯш намеистем. Мо исбот кардем, ки бо вуҷуди талошҳои онҳо барои хомӯш кардани садои занон, мо боз ва боз барои ҳуқуқҳои худ садо баланд мекунем ва муборизаро идома медиҳем," – гуфт, вай.
Ба гуфтаи хонум Ҳамоиш, занони афғонистонӣ набояд аз ҳаққи худ даст кашанд ва баръакс бояд бо ҳар роҳ барои ба даст овардани он мубориза баранд.
Шукрия Борикзай, собиқ сафири Афғонистон дар Норвегия ва фаъоли таълимии занон мегӯяд, талоши Толибон ба он равона шудааст, ки занонро аз ҷомеа дур кунанд.
"Толибан" кори дигаре ба ҷуз берун кардани занон аз ҷомеа надоранд. Дар воқеъ қонунҳои нав далели онанд, ки дар Афғонистон одам ягон ҳуқуқ надорад,"- афзуд, вай.
Ҳуқуқи сокинон дар Афғонистон маҳдудтар шуда, аксари занони фаъол ва мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистон “Толибон”-ро ба он айбдор мекунанд, ки аз амалҳои мухолиф ба шариати исломӣ кор мегиранд.
Дуктур Амонӣ, раҳбари Кумитаи кор бо занони табиби Афғонистон, ки муддати тӯлонӣ барои ҳаққи худ мубориза бурд, баъди омадани Толибон маҷбур шуд кишварро тарк кунад. Ҳоло вай дар Фаронса зиндагӣ мекунад. Ба андешаи ӯ Ислом ба ҳеҷ ваҷҳ талаб накардааст, ки занон аз ҷамъият дур карда шаванд.
"Худованд зану мардро офарид ва ба онҳо ҳуқуқ ва вазифаҳоро муайян кард. Занон баробари мардон ҳуқуқ ва овоз доранд. Касе ҳақ надоранд, ки ҳар ҳаракати занро чун василаи шаҳвонӣ қабул кунад,”- таъкид намуд, вай.
Дар Афғонистон ҳанӯз ҳам фаъолони мард ҳам боқӣ мондаанд, ки барои ҳуқуқи занон талош ва аз маҳдудиятҳои "Толибон" норозигӣ мекунанд.
“Мо мардон мисли шумо ба ном муҷоҳидон заиф нестем, ки худро идора карда наметавонеду ба занон чун як василаи шаҳват менигаред. Занон заиф нестанд ва дар ин мубориза онҳо танҳо нестанд,”-гуфт, фаъоли маданӣ Ҳасан Мустафо.
"Ҷиддитарин бӯҳрон дар самти ҳуқуқи занон дар ҷаҳон"
Бино ба омори ЮНЕСКО, беш аз 1,4 миллион духтарон дар Афғонистон аз таҳсил маҳруманд ва ин насли ояндаро зери хатари ҷиддие қарор додааст.
Созмони Human Rights Watch мегӯяд, "Толибон" бузургтарин хатари ҷиддӣ дар бахши таъмини ҳуқуқи занон дар ҷаҳон ҳастанд. Ба таъкиди созмон, дар ҳукумати Толибон духтарони афғонистонӣ даҳшатноктарин рӯзҳоро аз сар мегузаронанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон дар як изҳороти худ, дар муроҷиат ба ғайримусалмонҳое, ки ба қонунҳои ҷорикардаи онҳо эътироз мекунанд, гуфт, “мо ба дарки ҳамаҷонибаи қонунҳо ва қабули арзишҳои исломӣ даъват мекунем. Рад кардани ин қонунҳо бидуни фаҳмидани онҳо ба назари мо ин такаббур аст.”
Афғонистон имрӯз саҳифаи торик дар таърихи инсоният аст. Нисфе аз аҳолии ин кишвар аз ҳуқуқҳои асосии худ мисли таълим ва ҳаққи интихоб маҳруманд. Занон пурра зери назорати мардон қарор доранд ва бояд кореро кунанд, ки аз онҳо талаб мешавад, на коре, ки дилашон мехоҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Эътироф накунед, чун ҷиноят алайҳи мардум хоҳад буд"Озодие, ки аз даст рафт: дар ҳукмронии Толибон худкушии занон рӯ ба афзоиш аст. АКС"Нон, кор, озодӣ." Толибон бо тирандозӣ занонро пароканда кардандДар Душанбе тасмими Толибонро маҳкум карданд. ВИДЕОЗанон гуфтанд, ки чаро Толибон онҳоро бад мебинанд. ВИДЕОЗанон дар бозори Мазори Шариф дар интизори як бурда нон ҳастанд. ВИДЕО