Паймони миллӣ, ки шаш сол пеш дар Варшава ташкил шуд ва дар Тоҷикистон созмони мамнуъст, то ҳол вокуниш накардааст. Қаблан масъулонаш дар иттилоияе гуфта буданд, ки Шарофиддин Гадоев ба сабаби "пайваста берун шудан аз ҳадди ваколат" рӯзи 10-уми август аз Шӯрои ПМТ ронда шуд.
Шарофиддин Гадоев, баръакс, иддао дорад, ки ӯро баъд аз талаби истеъфои Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарии Паймони миллӣ аз Шӯро берун кардаанд.
“Эътилофе, ки бояд рамзи ваҳдат ва демократия мебуд, ба абзори қудрати шахсии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби таҳти контроли ӯ (ҲНИТ) табдил ёфтааст... Дар натиҷа 75 дарсади аъзои Шӯрои сиёсии Паймони миллии Тоҷикистонро ҳоло аъзои ин ҳизб ташкил медиҳанд. Ин вазъият боис ба вайроншавии тавозун шуда, ҳамаи қарорҳо ба нафъи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қабул мегарданд,” – гуфт ӯ.
Изҳороти ба ин монанди Шарофиддин Гадоев рӯзи 10-уми август низ нашр шуда буд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, ҳанӯз ба ин иддао вокуниш накардааст. Салим Султонзода, сухангӯйи ПМТ, рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “дар ибтидо аз ҳар ҳизбу созмон намояндаи муайян ба узвияти Шӯро пазируфта мешуд. Дертар бо қарори Шӯро, ҳар нафар, новобаста аз узви ин ё он ҳизб буданаш ба Шӯро қабул карда мешавад, агар мо он шахсро лоиқ донем. Ин қарор дар гузашта қабул шудааст. Ва худи Шарофиддин Гадоев дар қабули ин қарор саҳм дорад.”
Шарофиддин Гадоеви 39-сола, ки дар Тоҷикистон тиҷорат дошт, соли 2012 ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов тарки кишвар карда, сипас "Гурӯҳи 24"-ро созмон доданд. Пас аз кушта шудани Қувватов дар соли 2015 ӯ аз ин гурӯҳ рафт. Ҳоло раҳбарии Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро ба уҳда дорад ва муқими Ҳолланд аст.
Вай соли 2019 дар Маскав рабуда ва ба Душанбе бурда шуда, танҳо зери фишори бесобиқаи байнулмилалӣ раҳо гардид.
Паймони миллии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2018 таъсис ёфт. Додгоҳи олии Тоҷикистон онро дар моҳи октябри соли 2019 ифротгаро ва террористӣ донист. Ҳарчанд аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд, то кунун чанд нафар ба пайравӣ аз он ва ё созмонҳои зери чатраш дастгиру зиндонӣ шудаанд ё таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд.