“Ҷойи зист нест. Гуфтам, кумак кунанд, то сарпаноҳ ёбам. Дар рӯйи ҳавлӣ нишастаам. Ягон нафар ба додам намерасад,” – шиква кард ӯ.
Ин сокини деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъ гуфт, ҷойи рафт надорад ва ноилоҷ дар канори хонаи вайрона, дар рӯйи замин ба зиндагӣ идома медиҳад. Сели харобиовар дору надори ӯро бурдааст.
“Ҷойи истиқоматамро чаппа кард. Писарам тахта харида буд, нимашро бурд. Ҳар сол баробар ба 1500 сомонӣ ҳосили чормағз мегирифтам, сел онро хушконд, зард кард. Боғи пеши хонаро вайрон кард," – идома дод ӯ ба суҳбаташ.
Хонаи Фотима Раҳмонова яке аз чаҳор манзилест, ки дар сели моҳи май беш аз дигар хонаҳо зарар дидаанд. Мақомот ин зарарро беш аз 83 ҳазор сомонӣ, муодили ҳашт ҳазор доллар ҳисоб кардаанд.
Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ мегӯянд, ба Фотима Раҳмонов 80 халта семент доданд ва нақшаи бозсозии хонаашро доранд. Миралӣ Зубайдов, муовини раиси ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ гуфт, “тахта, арматур, сим, ароба, ҷойи хоб аст.”
Фотима Раҳмонова мегӯяд, то ин дам ҳамчун осебдида 800 сомонӣ ва орду равған гирифт. Зарардидагони дигар ҳам мехоҳанд, мақомот ҳарчи зудтар ба онҳо ёрӣ кунанд. Назримад Маҳмадалиев яке аз онҳост. Ӯ маъюб аст ва мегӯяд, хонааш осеби ҷиддӣ дида, зиндагӣ дар он хатарнок аст.
"Ҳаво рӯ ба сардӣ оварда истодааст. Сад дарсад зарар дидем. Дастгирӣ кунанд, ягон хишт диҳанд,” – гуфт ӯ.
Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ гуфтанд, дар деҳаи Кӯчабоғ як хона пурра вайрон шуда, манзили Ҷамила Саидова, Ҷамшед Шоимов ва Фотима Раҳмонова қисман аз байн рафтаанд. Раиси ноҳияи Восеъ гуфт, ба ҳар зарардида ёрӣ хоҳанд расонд.
Ҷамшед Шарифзода дар нишасти матбуотӣ афзуд: “Ҳозир таҳкурсии хонаеро рехтем, ки пурра аз байн рафта буд. Аллакай 20 ҳазор дона хишти пухта аз ҳисоби мақомот додаанд. Ба хонаҳои боқимонда якуним тонна семент ва чизҳои дигар ёрӣ карда истодаем.”
Баҳори имсол дар ноҳияи Восеъ 18 бор сел омад ва 200 хона осеб дид. Мансабдорони ноҳия мегӯянд, дар даҳсолаи охир чунин офати табииро сабт накарда буданд. Сокинони осебдида, аз ҷумла Фотима Раҳмонова ва Назирмад Маҳмадалиев аз он нигаронанд, ки дар фасли сармо бесарпаноҳ мемонанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Сел ҳамаи заминамро бурд, додамонро ба кӣ гӯем?" ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Зарари сел дар Кӯлобро 46 млн сомонӣ ҳисоб карданд