Барак Обама номзадҳои мақоми раиси ЦРУ ва вазири дифои Амрикоро муаррифӣ кард.
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико Ҷон Бреннанро ба мақоми раиси нави Оҷонси кашфи марказӣ ё ЦРУ ва Чак Ҳегел, сенатори ҷумҳурихоҳро ба мақоми вазири дифои Амрико пешбарӣ кард.
Коршиносон ин интихоби Обамаро заминаи комёбии вай дар даври дуввуми раёсаташ медонанд. Аз ҷумла Стефанӣ Сенок, муовини раиси Барномаҳои байналмиллалии кашф дар Маркази байналмиллалии мутолеоти стратегии Амрико ба ин ду нафар Ҷон Керрӣ, номзад ба мақоми вазири хориҷаро низ ҳамроҳ мекунад ва мегӯяд, ҳамаи номзадҳои пешбарикардаи Обама шахсиятҳои муътабар ҳам дар дохил ва ҳам дар арсаи байналмиллалӣ мебошанд. Вай мегӯяд, “Бо Ҷон Бреннан, Ҷон Керрӣ ва Чак Ҳегел шумо кормандонеро хоҳед дошт, ки дар маҳофили байналмиллалӣ, дар доираҳои кашф ва дар бахши дифоъ дорои эътибор ҳастанд. Ҳамаи ин се нафар мушовирони наздики раиси ҷумҳуранд ва бо вай ҳамкории тӯлонӣ доранд”.
Худи Обама дар бораи интихоби номзадии Ҷон Бреннан ва Чак Ҳегел гуфт, "ин ду раҳбар ҳаёти худро ба ҳимоят аз кишвари мо бахшидаанд". Вай изҳори боварӣ кард, ки "онҳо беҳтарин корро хоҳанд кард”.
Аммо дар маҳофили мухталиф ва бо назардошти собиқа ва ақидаҳои ин ду номзад интиқодҳо низ шунида мешавад. Масалан, Чак Ҳегел вақтҳои ахир нишон дод, ки вай ҷонибдори таҷовузи низомӣ ба кишваре нест ва ин ақида ба Барак Обама ҳам писанд аст. Кохи Сафед Ҳегелро беҳтарин раҳбари низомӣ барои хуруҷи нируҳо аз Афғонистон ва сарфаҷӯи аз будҷаи Пентагон дар даври дуввуми раёсати ҷумҳурии Обама медонад.
Чак Ҳегел-сенатори пешини ҷумҳурихоҳон дар аёлати Небраска соли 2003 аз вуруди нируҳо ба Ироқ ҳимоят карда буд, вале баъдтар роҷеъ ба тарзи пешбурди амалиёти ҷангӣ дар Ироқ бо раҳбарони ҳизбии худ, яъне ҷумҳурихоҳон мухолифат нишон дод. Чунин мухолифати вай то ҳол ҷумҳурихоҳонро дар Сенат норозӣ нигоҳ медорад ва ҳангоми баррасии номзадиаш мумкин аст онҳо бо суолҳое барномаҳои вайро ба санҷиш кашанд. Дар сурати тасвиби номзадии Ҳегел вай аввалин вазири собиқадори ҷанги Ветнам дар Амрико хоҳад буд.
Таҳлилгарон Ҳегелро бо Роберт Гейтс муқоиса мекунанд ва мегӯянд ки Ҳегел низ дар сисёсати хориҷӣ воқеъбин аст. Вале баъзе ақидаҳои онҳо аз якдигар фарқ дорад. Масалан, Чак Ҳегел аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекард, дар ҳоле ки Роберт Гейтс ҷонибдори таҳримҳо буд. Умумияти онҳо ин аст, ки ин ду низомии саршиноси Амрико аз ҳамла ба Эрон то ҳол ҷонибдорӣ накардаанд.
Дар муқоиса бо Чак Ҳегел, Ҷон Бреннан, номзад ба мақоми раиси Ожонси кашфи марказӣ ё ЦРУ дар Сенат мухолифони зиёд надорад. Бреннанро чун меъмори муборизаҳои зидди терроризм мешиносанд. Вай дар солҳои 2004-2005 нахустин раиси Маркази миллии зиддитерроризм дар давлати Ҷорҷ Буш буд.
Истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин дар мубориза бо террорзм ақида ва пешниҳоди Бреннан аст ва то ҳол дар Покистону Яман ва Сомалӣ ин ҳавопаймоҳо, ки бо номи “drone” машҳуранд, амалиёт анҷом додаанд. Соли 2008 низ Обама Бреннанро ба ин мақом пешниҳод карда буд, вале чун вай аз сиёсати Ҷорҷ Буш ҳангоми шиканҷаи боздоштшудагон ҳимоят мекард ва барои ин мавриди интиқод қарор гирифта буд, қабл аз баррасии номзадиаш дар Сенат худаш номзадиашро фаро хонд.
Ҳоло низ интиқодҳо аз CIA садо медиҳанд ва кормандони кашф мегӯянд, ин ниҳод набояд фақат ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин такя кунад, балки бояд ба ҷамъоварии маълумоти кашф бартарӣ диҳад. Бреннан аз ин ақида ҳимоят мекунад ва вай аз нахустин мақом дар давлати Обама буд, ки мавҷудияти ҳавопаймоҳои бесарнишинро эътироф кард.
Бреннан 57 сол дорад ва падару модараш ирландӣ мебошанд. Вай дар донишгоҳи Фордҳами Амрико забони арабӣ низ омӯхтааст. Вай замоне раиси дафтари CIA дар Риёд-пойтахти Арабистони Саудӣ буд. Дар давраи раёсати Ҷорҷ Тенет дар CIA Бреннан раиси ситоди ин ожонс буд.
Дар солҳои раёсати Барак Обама низ эътибори Бреннан чун мушовири амниятӣ мунтазам боло мерафт. Вале барномарезӣ ва иҷрои амалиёти нобудии Усома Бен Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида дар Покистон 2 маи соли 2011 зери раҳбарии вай аз дастовардҳои дурахшонест, ки эътибори вайро бештар кард.