Ҷасади Наимҷон Неъматови 37-сола, ҳамсараш Нафиса Неъматоваи 33-сола ва фарзандонаш Аминаи 13-сола, Фотима ва Зӯҳрои 10-сола ва Муҳаммадюсуфи 2-сола шаби ҳаштуми декабр дар хонаашон ёфт шуд.
Ба нақли пайвандон, мақомот пештар онҳоро барои санҷиши пизишкиву додгоҳӣ ба шаҳри Хуҷанд бурда буданд.
Бо гузашти се рӯз мақомот на хабари ҳодисаро доданд, на тафсилоти марги мармузи онҳоро ошкор карданд. Сокинон дар минтақа нигаронанд.
Як манбаи боварбахш дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе гуфт, ки таҳқиқ ба зиммаи муфаттишони Додситонӣ гузошта шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Куштори хонаводаи Неъматовҳо дар ҳолест, ки шаҳри Конибодом бештар аз як сол боз бо чунин ҳодисаҳо дар сархати расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Дастикам чанд аъзои шаш оила дар ин минтақа бо аломатҳои қасдан ба ҳалокат расондан ёфт шудаанд.
Масъулони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, қисме аз чунин ҳодисаҳо ба ҷанҷолҳои хонаводагӣ рабт доштанд ва таҳқиқи дигар ҳодисаҳо идома дорад. Дар як маврид аз даст доштани як нафар ё гурӯҳи беруна суҳбат шуда буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Марги фоҷиабори Наимҷон Неъматов ва зану чор фарзандаш. ВКД – хомӯш, мардум – нигарон"Ҷасадҳоро ба ташхис бурданд." Марги мармузи 6 узви як оила дар КонибодомКонибодом: Боздошти ду гумонбар бо иттиҳоми қатли ҷавони 25-солаМақомот гуфтанд, ки чаро қатлҳо дар Конибодомро пурра шарҳ намедиҳанд