Дар ин бора як манбаи наздик ба тафтишот, ки ба далоили амниятӣ нахост номаш бурда шавад, хабар дод. Мақомоти расмӣ аз боздоштҳои нав иттилоъ надодаанд ва талошҳои мо барои дарёфти тасдиқ ё радди хабар аз тарафи онҳо ноком монд.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 1-уми ноябр хабари боздошт шудани ду сарҳанг ё полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боевро тасдиқ кард.
Манобеъ Нурамин Ғанизодаро ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ дар замони кораш ба унвони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ном мебаранд. Вай ҳамчунин муддате дар Палатаи ҳисоби Тоҷикистон кор кардааст.
Дар бораи сарҳанги мустафъӣ Ҷамшед Боев танҳо маълумоте вуҷуд дорад, ки шаҳрвандии Русияро ҳам дошта, аз ин кишвар нафақаи бознишастагӣ мегирифтааст. Ба гуфтаи манобеъ, ин ду тан замони боздошти Ҳамрохон Зарифӣ дар моҳи июн дастгир шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситони куллии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон, рӯзи 9-уми август дар нишасти хабарӣ дар баробари таъйиди шахсияти баъзе аз дастгиршудаҳо, аз боздошти афроди дигар ҳам хабар дод, вале аз онҳо ном набурд.
Ҳарчанд Додситонии кул то кунун иттиҳомро расман эълом накардааст, манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҳамаи афроди гумонбар дар ин қазия бо моддаи 306-и Кодекси ҷиноӣ (ғасби қудрат) муттаҳам шудаанд. Бархе афроди ҷудогона иловатан ба моддаи 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ) низ муттаҳам дониста шудаанд. Ҳар ду ин модда солҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунанд.
Дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, боздошти
- Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон, мунтақиди ҳукумат ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйид ва расонаӣ шудааст.
Парвандаи онҳо қарор буд дар аввали моҳи сентябр ба додгоҳ фиристода шавад. Тибқи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон, ба иллати далелҳои нокофӣ ирсоли он ба додгоҳ ба ақиб уфтод ва танҳо ҳоло такмил шуда, гумон меравад, мурофиаҳои додгоҳӣ ҳафтаи аввали моҳи ноябр оғоз шаванд.
Ба наздикони боздоштшуда гуфта шудааст, ки ба ширкати онҳо дар муҳокима роҳ дода намешавад.