Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, қарор аст 26 апрел дар ҷаласаи онлайнии Гурӯҳи тамоси дифоии Украина, ки бо исми “Формати Рамштейн” ҳам маъруф аст, таъмини Украина бо кӯмакҳои бисёр зарури низомӣ баррасӣ шавад.
Ба Формати Рамштейн тахминан 50 ҳампаймони Украина дохил мешавад ва то ҳол ин гурӯҳ барои таъмини Киев бо даҳҳо миллиард доллар кӯмак мусоидат кардааст.
Зеленский дар саҳифааш Х навишт: “Мо роҳҳои ба зудтарин фурсат ҳал кардани мушкилотеро баррасӣ мекунем, ки дар давоми як соли гузаштаи интизории кӯмакҳои Амрико ҷамъ шудаанд”.