Ҷабҳаи озодии Афғонистон гуфт, ду маъмури "Толибон"-ро куштааст

Кобул, моҳи сентябри 2024

Ҷабҳаи озодии Афғонистон, як гурӯҳи зидди "Толибон", иддао кард, ки ду маъмури амниятии ин гурӯҳи тундравро кушта, ду каси дигарро захмӣ кард.

Ҳодиса рӯзи 22-юми октябр дар Кобул иттифоқ уфтодааст.

Ба гуфтаи масъулони Ҷабҳа, пас аз ҳамлаи охирини мушакӣ ба фурудгоҳи Кобул, маъмурони "Толибон" ба тафтиши хонаҳои мардум дар пойтахти Афғонистон сар кардаанд.

Шуморе аз сокинон низ гуфтанд, нерӯҳои "Толибон" мухолифони худро дар шимоли Кобул ҷустуҷӯ доранд.

То ҳол манобеи “Толибон” дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Гурӯҳи “Толибон”, ки ҳанӯз дар аксар кишварҳои дунё тундраву террористӣ аст, дар тобистони соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Дар ин муддат ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохт.

Баъди ба қудрат расидани онҳо, наздик ба даҳ ҳаракату ҷабҳаи муқовимати зидди ин гурӯҳ асосан дар хориҷи ин кишвар аз худ хабар додаанд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон; Ҷабҳаи озодии Афғонистон; Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон; Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон; Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат ва Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.