Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегуяд, ки рузи 11 сентябр дар ду ҳамлаи афроди ин ҷабҳа дар Кобул, 5 ҷангҷуи Толибон кушта ва 2 тани дигарашон захмӣ шудаанд.
Ин Ҷабҳа дар сафҳаи Х (Твиттери пешин) навиштааст, ки як постгоҳи афроди Толибонро дар шимоли Кобул ҳадаф қарор додааст.
Аз суи дигар, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфтааст, ки дар ҳамлаи афроди ин ҷабҳа ба як мошини ҳомили афроди истихбороти Толибон дар минтақаи Девонбегии Кобул, 2 нафар кушта ва 2 тани дигар захмӣ шудаанд.
Мақомҳои Толибон то ба ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз сари кор омадани Толибон дар августи соли 2021, ташкил шуд. Ин ҷабҳаро Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи шинохта Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мекунад.
Ин гуруҳ асосан дар вилоятҳои Панҷшер, Кописо, Парвон, Кобул, Ҳирот ва бархе вилоятҳои шимолии Афғонистон фаъол аст.