Изҳороти раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Қазон

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Қазон, 23-юми октябри 2024

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, дар мубориза бо терроризму таҳдидҳои дигар аз рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон пуштибонӣ мекунад. Изҳороти ӯ рӯзи 24-уми октябр дар шаҳри Қазон, ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи "BRICS плюс" садо дод.

Хабаргузории расмии "ТАСС" аз қавли Раҳмон навишт: "терроризми байнулмилалӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои интернетӣ, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва навъҳои дигари ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ афзоиш меёбад. Тоҷикистон тарафдори тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳама шарикони байнулмилалӣ дар мубориза бо ин таҳдиду чолишҳо мебошад.”

Тоҷикистон узви созмони BRICS нест ва, зоҳиран, Эмомалӣ Раҳмон ба монанди 21 раҳбари кишварҳои ҳампаймони Русия барои мадад ба президент Владимир Путин ба Қазон рафтааст. Путин мехоҳад, ба Ғарб нишон диҳад, ки гуё дар инзивои байнулмилалӣ нест.

Номи BRICS аз ҳарфи аввали кишварҳои иштирокдори аввалини ин созмон – Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ – гирифта шудааст.

Ин созмон тақрибан бист сол пеш бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъсис шуд, вале бо гузашти вақт, ба мушоҳидаи таҳлилгарон, онро Чину Русия мехоҳанд ба як созмони сангинвазн дар муқобили Ғарб табдил диҳанд.

Дар чанд соли гузашта Мисру Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Эфиопия узви BRICS шуда, Беларусу Озарбойҷон ва Малайзия барои пайвастан ба он дархост додаанд.