Изҳороти намояндагии се кишвари аврупоӣ дар Тоҷикистон

Нишаст рӯзи 24-уми феврал дар қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе гузашт

Дар солгарди севуми ҳамлаи Русия ба Украина дар қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе бо ширкати сафирони баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони Киев нишаст баргузор шуд.

Ширкатдорон бо маҳкум кардани ҳамлаи Русия ба Украина умед бар он мебастанд, ки ҷанг ба зудӣ поён дода шавад.

Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, рӯзи 24-уми феврал гуфт: "Русия нақша дошт, ки дар се рӯз Украинаро ишғол кунад. Имрӯз аз ҷанг се сол мегузарад ва Украина назар ба моҳи феврали соли 2022 нерӯмандтар шудааст. Тамоми Аврупо дар пушти Украина аст."

Дар поёни ин ҳамоиш изҳороти муштараки сафирони Фаронса, Олмон ва Бритониё дар Тоҷикистон нашр шуд.

Дар он гуфта шудааст, ки "аз ҳама бештар Украина сулҳ мехоҳад ва бе ҳузури Украина ва Аврупо ҳеч гуна тасмим гирифта нахоҳад шуд. Танҳо сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор барои Украина... метавонад асоси барқарорсозии амнияти байнулмилалӣ гардад."

Русия се сол пеш, 24-уми феврали соли 2022, ба Украина ҳамла кард.

Бархе пойгоҳҳо талафоти Русияро дар ин ҷанг бештар аз 160 ҳазор нафар медонанд. Бахши русии Би-би-сӣ ва “Медиазона” то имрӯз рӯйхати 95 ҳазору 328 касро нашр кардаанд.

Талафоти ҷониби Укрина дар ин ҷанг беш аз 124 ҳазор тан дар миёни шаҳрвандон ва зиёда аз 45 ҳазор нафар дар миёни низомиён гуфта мешавад.