Гузориши 68-саҳифаӣ рӯзи 30-юми сентябр нашр шуд. Дар он мавзӯи кишварҳои АвруОсиё – аз Балкани Ғарбӣ то Осиёи Марказӣ – низ бозтоб ёфтаанд.
Кумисюни Ҳелсинки дар гузориши нав гуфтааст, “давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пайи ҷанги Русия робитаҳои худро бо кишварҳои дигар тақвият медиҳанд ва дар андешаи афзоиши шарикони иқтисодӣ ва кафолатҳои амниятӣ, инчунин, беҳтар кардани ҳамкориҳои минтақаӣ мебошанд.”
Ин тағйирот, ба навиштаи муаллифон, барои Амрико имкон фароҳам меорад, ки дар муқобили нуфузи Русия ҳамкории бештар ба роҳ монад ва ба талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои беҳтар кардани робитаҳои хориҷиашон мусоидат намояд.
Кумисюн аз ҳукумати Амрико тақозо кардааст, ки як барномаи комилу дарозмуддат эҷод карда, минтақаи Баҳри Сиёҳро чун майдони муҳими ин рақобат қарор диҳад. Ёриҳо, ба қавли муаллифони гузориш, бояд барои истодагарӣ дар муқобили рафтори хашини Русия, мусоидат дар мудирияти демократияву қонун, ҳамкориҳои хориҷӣ равона шуда бошад.
"То замоне ки Русия ҷангу ишғолгарӣ мекунад..."
Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ки пирӯзии Украина дар муқобили Русия нақши муҳим хоҳад дошт ва “аз ин рӯ Иёлоти Муттаҳида бояд тамоми талошашро ба харҷ диҳад, то барои дастболо шудани Киев мусоидат кунад”. Кумисюн менависад, “то замоне ки Русия бо ҷангу ишғолгарӣ даст хоҳад дошт, барои сулҳу субот умедвор будан нашояд”.
“Пирӯзии Украина бар Русияи ишғолгар муҳим аст, вале ин ҳам барои аз байн бурдани нуфуз ва муқобила бо рафтори хашини Русия дар сатҳи васеътар кифоят намекунад,” -- мегӯянд муаллифони гузориш.
Гузориши мазкур дар ҳоле нашр мешавад, ки бо эҳтимоли ба сари қудрат баргаштани Доналд Трамп ва ҷумҳурихоҳон, дурнамои кумакҳои низомии Амрико ба Украина зери суол меравад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Осиёи Марказӣ баъди ҷанги Украина: Чин ҷойи Русияро мегирад?Аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, Конгресс ироаи кумакҳоро ба арзиши 175 миллиард доллар ба Киев тасдиқ кард. Бахши асосии ин пул дар дохили ИМА барои истеҳсоли силоҳ ва хадамоту маҳсулот сарф шудааст. Украина соли оянда ба бастаи азими нави ёриҳо эҳтиёҷ дорад, то барои пирӯзӣ бар Русия умедвор шавад.
Трамп, ки иддао дорад бо Путин робитаҳояш хуб аст, гуфтааст, ки дар сурати ғалаба дар интихоботи моҳи ноябр метавонад бар асоси музокираҳо ин ҷангро базудӣ поён диҳад.
Ҳоло Русия 20 дарсад аз қаламрави Украинаро ишғол кардааст ва ҳама гуна музокира ба маънои он хоҳад буд, ки Киев бояд ба гузашти ин қаламравҳояш розӣ шавад. Бе замонатҳои амниятии ИМА ва НАТО касе кафолат дода наметавонад, ки Русия бори дигар ҳуҷум нахоҳад кард.
Камала Ҳаррис, муовини президенти Амрико ва номзади демократҳо дар интихоботи моҳи ноябр, тарафдори ёрӣ ба Украина мебошад, вале маълум нест оё кори бештаре назар ба президент Ҷо Байден карда метавонад ё на. Тарафдорони Украина маъмурияти Байденро барои таъхир дар ироаи ёриҳо танқид мекунанд.
Ба Кумисюни Ҳелсинки ҳаждаҳ узви Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико шомил ҳастанд. Он бо ҳадафи назорат бар вазъи ҳуқуқи инсон дар қаламрави Шӯравии собиқ дар соли 1975 таъсис шудааст.