Истиқболи раҳбарони СММ, Чину Русия, Иттиҳоди Аврупо аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон

12 март, Бишкек

12 март, Бишкек

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз имзои созишномаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори хушнудӣ ва аз он истиқбол кардааст. Стефан Дуярич, сухангӯи Антонио Гутерриш, рӯзи 13-уми март дар як баёнияи расмӣ гуфт:

“Ӯ ҳарду кишварро барои ин дастоварди таърихӣ табрик мегӯяд ва раҳбаронро барои азму иродаи сиёсиашон дар поён додан ба раванди музокироте, ки даҳсолаҳо идома кард, ситоиш мекунад.”

Антонио Гутерриш

Антонио Гутерриш

Дар баёния ҳамчунин омадааст, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интизор дорад, ки Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳамкориҳои созанда, тақвияти боварӣ ба ҳамдигар ва ояндаи амн барои мардумони худ ва минтақа саъй хоҳанд кард.

Чанде аз кишварҳои дигари ҷаҳон аз ҷумла, Чину Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Кувайт ҳам бо нашри баёнияҳои расмӣ аз имзои созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар истиқбол кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки “имзои созишнома ба тақвияти амнияту субот дар тамоми Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.”

Ҳукумати Чин Тоҷикистону Қирғизистонро барои имзои созишнома табрик гуфта, афзудааст, ки аҳди ду тараф ба тақвияти амният, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа кӯмак мекунад. Дар баёниҳои расмии вазоратҳои хориҷии Туркия, Арабистони Саудӣ ва Кувайт ҳам айни гуфтаҳо ҳаст.

Кайя Каллас

Муовини раиси Комиссиюни Аврупо Кайя Каллас ҳам рӯзи 14 март имзои созишномаи байни ду кишвари ҳамсояро истиқбол намуд. Бо нашри изҳороте ӯ ин санадро "қадами бузург ба пеш" номид, ки ба гуфтааш, "устуворӣ ва суботи Осиёи Марказиро тақвият хоҳад дод".

Созишномае, ки онро бархе муомилаи таърихӣ ҳам номиданд, 13 март дар шаҳри Бишкек имзо шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизи ӯ дар паи музокираҳои муттасили солҳои охир рӯзи панҷшанбе дар зери созишнома дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳади ду кишвар имзои худро гузоштанд.

Муҳокимаҳои атрофи таъину аломатгузории сарҳади давлатии тақрибан 1000-километрӣ даҳсолаҳо идома дошт ва дар ин муддат сокинони деҳоти марзии ду тараф ва марзбонон борҳо бо ҳам ҷангу муноқиша ва хунрезӣ кардаанд.

Танҳо дар солҳои 2021 ва 2022 дар ҷангу муноқишаҳо аз байни ду тараф даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд ва аз тирамоҳи соли 2021 ба ин тараф сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба рӯи сокинони ҳамдигар баста буд.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ҳаргиз ҷангу хунрезӣ нашавад." Бозкушоии ду гузаргоҳ байни Суғду БодкандСозишномаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон имзо шудМарз миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз шудЯтимов дар бораи созиши марзӣ: "Дар Тоҷикистон ҳам норозиҳо ҳастанд"Муомилаи таърихӣ? Имзои созишномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон