Додгоҳи Истаравшан як ҷавони маҳаллиро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави динии “Ансоруллоҳ” ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Аммо наздикони Исфандиёр Алиев мегӯянд, ки ӯро "тӯҳмат" кардаанд.
Додгоҳи Истаравшан рӯзи 9 - уми июн Исфандиёр Алиев, сокини 20-солаи ин шаҳрро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи мегӯяд, ин нафар ба гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дохил шуда, ба аъзои ин созмони мазҳабии тундрав ёрӣ мерасонд. Ба гуфтаи додгоҳ, Исфандиёр соли гузаштаи 2013 дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар назди Муслим ном ҷавони тоҷик қасам ёд карда ба созмони мазкур дохил шудааст.
Абдусалом Усмонов, вакили дифои Исфандиёр Алиев рӯзи 10-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ пул фиристодани Исфандиёр ба бародараш ба Покистон, додани як флешкартаи ба гуфтаи мақомот, "дорои маводи тундагароёна" ба як ҷавони истаравшанӣ ва вуҷуди аксҳои ҷангиёни “ҷиҳод” дар телефони ҳамроҳи Исфандиёрро далелҳои фаъолияти вай дар созмони динии тундрави “Ансоруллоҳ” будани вай донистааст.
Дар ҳоле ки ба таъкиди ҷаноби Усмонов, узви ин созмон будани зерҳшимояаш на аз сӯи мақомоти тафтиш ва на додгоҳ исбот нашуд: “Барои дохил шудан ба созмони “Ансоруллоҳ” аввал ариза дода, бояд қасам ёд мекардаанд ва оинномаи онро омӯхта, аъзоҳаққӣ месупоридаанд. Аммо зерҳимояи ман ин корҳоро накардааст. Муслим ном ҷавон, ки мақомот вайро дар Русия дошта ба Душанбе оварданд, гуфта истодааст, ки Исфандиёр дар назди вай барои дохил шудан ба гурӯҳи “Ансоруллоҳ” қасам ёд накарда буд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Усмонов, ба муҳлати дароз ба ҳабс маҳкум шудани зерҳимояаш аз нигоҳи қонунӣ низ дуруст нест. Ба назари вай, фаразан, дар ҳолати барои даъват ба ҷиҳод дар Покистон ё Сурия даъват кардани сокинони Тоҷикистон низ бояд зерҳимояаш мутобиқи қонунҳои кайфарии Покистон ё Сурия маҳкум мегардид, ки аввал ҷарима, бори дуюм ҷазои то 2 соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Мақомоти додситонӣ Исфандиёр Алиевро моҳи феврали соли равон, баъди боздошти 7 ҷавони дигари истаравшанӣ ба гумони узви созмони динии “Ансоруллоҳ” дастгир карда, “замони тафти пешакӣ 24 рӯз азобу шиканҷа додаанд”, то ки гуноҳи узви ин созмон буданро бар дӯш бигирад.
Охири моҳи май додгоҳи Хуҷанд он 7 ҷавони сокини Истаравшанро, ки Исфандиёрро низ аъзои ин гурӯҳ медонад, бо ҳамин гуноҳ барои аз 9 то 9.5 сол ба зиндон фиристода буд.
Мақомоти додситонии вилояти Суғд гурӯҳи тундрави “Ансоруллоҳ” – ро як шохаи Ҳаракати исломии Узбакистон меномад, ки танҳо ном дигар кардааст ва ҳадафи барҳам задани сохтори қонунӣ дар Тоҷикистон ва барпо кардани давлати диниро дорад. Соли 2010 масъулияти таркиши автомобили ҳомили маводи тарканда дар бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро, ки 4 куштаву ҳудуди 30 захмӣ бар ҷой гузошт, созмони “Ансоруллоҳ» дар як нома дар шабакаи Интернет бар дӯши худ гирифта буд.
Аммо Иброҳим Алиев, падари Исфандиёр мегӯяд, фарзанди вай, як ҷавони одии бемаълумот аслан аз чунин созмоне хабар надошт ва барои муддати тӯлонӣ ҳабс кардани вай аз рӯйи инсоф нест: “Писарам мегӯяд, аз ин гуна созмон аслан хабар надорад ва ин хел гапу корҳоро умуман намедонад.”
Мусоҳибам афзуд, ки писари калониаш чанд сол пеш барои мардикорӣ ба Русия рафта, дигар аз худ дарак намедиҳад. Ба гуфтаи вай, писари хурдии зиндонишудааш – Исфандиёр ҳам то замони боздошту ҳабсаш бекор буд ва маълумот ва ихтисосе надорад: “Худам ҳам 2 сол боз барои кор ба Русия меравам. Сел омада хонаамонро каме хароб карда буд, барои таъмираш пул кор мекунем. Пеш ронандаи идораи шабакаи барқ будам.”
Падари Исфандиёр Алиев афзуд, онҳо аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва бознигарии онро аз зинаи болоии додгоҳ талаб хоҳанд кард.
Аз соли гузаштаи 2013, ки мақомот мавридҳои даъвати ҷавонони маҳаллӣ барои “ҷиҳод” дар Сурия ё Покистон дар бархе маҳалҳои Тоҷикистонро эълон доштанд, додгоҳҳои шимоли кишвар 26 сокинро бо гуноҳи фаъолият дар созмони тундрави мазҳабии “Ансоруллоҳ” ва ҳадди ақал - 3 узви созмони “Ҷундуллоҳ”-ро ба зиндон фиристод.