Исроил раҳбари дигари "Ҳамос"-ро кушт, ҷанг тамом мешавад?

Исроил рӯзи 17-уми октябр хабар дод, ки Яҳё Синвори 62-сола дар Ғазза кушта шуд

Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, ки марги Яҳё Синвор, раҳбари “Ҳамос” (Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) фурсати расидан ба як “созиши сиёсӣ” миёни Исроил ва фаластиниҳоро фароҳам кардааст.

Исроил рӯзи 17-уми октябр хабар дод, ки Синвори 62-сола дар Ғазза кушта шуд. Ӯро яке аз тарроҳони ҳамла ба Исроил дар моҳи октябри соли 2023 медонанд. Дар он ҳодиса 1200 исроилӣ кушта шуда, беш аз 200 нафар гаравгон афтоданд. Аз он замон то ҳоло ҷанги Исроил аз замину ҳаво ба зидди “Ҳамос” дар Ғазза идома дорад. Зиёда аз 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

“Мардуми Ғазза, ба шумо паёми одӣ дорам: Ҷанг метавонад, фардо тамом шавад. Агар “Ҳамос” силоҳҳояшро ба замин гузорад ва гаравгонҳоро баргардонад,” – гуфт Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил.

Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар роҳ ба сӯйи Олмон буд, ки хабари кушта шудани Яҳё Синвор тасдиқ шуд. Ӯ гуфт: “Вақти он расид, ки ба пеш қадам гузорем. Қадам ба сӯи расидан ба оташбас дар Ғазза. Бовар дошта бошед, ки мо ба сӯе ҳаракат мекунем, ки шароит барои тамоми ҷаҳон беҳтар шавад.”

Камала Ҳаррис, муовини Байден ва номзади Ҳизби демократ дар интихоботи моҳи ноябр дар Амрико, ба поёни ҷанг даъват кард: “Ҷанг бояд тавре хотима ёбад, ки Исроил дар амн бошад, гаравгонҳо раҳо шаванд, ранҷу азоб дар Ғазза хотима ёбад. Мардуми Фаластин ҳаққи худро соҳиб шаванд, амнияту озодӣ дошта бошанд ва ояндаи худро худашон бисозанд.”

Хонаводаҳои гаравгонҳои исроилӣ мегӯянд, бо кушта шудани Яҳё Синвор бояд созиши оташбас зудтар имзо шавад. Орна Неутра, модари гаравгони исроилӣ-амрикоӣ, мегӯяд, “онҳо дар шароити хатарнок ҳастанд. Мо аз давлати Исроил, маъмурияти Иёлоти Муттаҳида даъват мекунем, ки ҳарчӣ зудтар аз ҳар роҳи мумкин кор бигиранд, то барои раҳоии гаравгонҳо ба созиш бирасанд.”

Сарфи назар аз фишори афзоянда ба ҳукумати Нетаняҳу, хотима додан ба ҷанг дар Ғазза шояд дар ҳоли ҳозир ҳадафи аслии Исроил набошад. Коршинос Ҷонатан Ринҳолд гуфт: “Таваҷҷуҳи Исроил ва Амрико ҳоло бештар дар Лубнон аст, зеро имкони нотавон кардани “Ҳизбуллоҳ” вуҷуд дорад. Ва ин як чизест, ки ҳамаи ҳампаймонҳои Амрико дар минтақа, Арабистони Саудӣ, Миср ва ғайра ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд.”

Сокинони Ғазза, ки дар ҷанги яксола осеби ҷиддӣ дидаанд, мегӯянд, марги Яҳё Синвор эҳтимол поёни ҷанг нахоҳад буд.

Исроил ба бомбаборони Ғазза идома медиҳад. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, наздик ба ду миллион нафар, тақрибан 90 дарсади аҳолии Ғазза, аз гурснагӣ ранҷ мекашанд.

Амрико ба Исроил ҳафтаи гузашта ҳушдор дод, ки агар иҷозаи бештар ворид шудани ғизоро ба Ғазза надиҳад, интиқоли силоҳро кам мекунад.

Созмону кишварҳои кумакрасон аз осмону замин ба Ғазза ёрии башардӯстона мерасонанд. Созмони Милал мегӯяд, кумакҳо кофӣ нестанд ва Исроил барои мададрасонӣ монеа эҷод мекунад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Исроил раҳбари дигари "Ҳамос"-ро кушт, ҷанг тамом мешавад?