Артиши Исроил рӯзи 8-уми октябр эълон кард, ки Суҳайл Ҳусейнӣ, фармондеҳи дигари баландпояи “Ҳизбуллоҳ”-ро дар Лубнон куштааст. Вай масъули ҳамлу нақл ва буҷаи гурӯҳ буд.
“Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳам ҳизби сиёсист, зери ҳимояти Эрон аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.
Низомиёни Исроил гуфтанд, Суҳайл Ҳусейнӣ дар як ҳамлаи ҳадафманд рӯзи 7-уми октябр кушта шуд.
“Вай дар интиқоли аслиҳа байни Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” нақши муҳим дошт. Масъули тақсими аслиҳаи пешрафта ба аъзои гурӯҳ буд. "Тарҳҳои ҳассостарин”, ки аз ҷумла амалиётро ба зидди Исроил дар бар мегирад, бар уҳда дошт,” – гуфта шудааст дар изҳороти артиши Исроил.
Ба иттилои манбаъ, Суҳайл Ҳусейнӣ узви “Шӯрои ҷиҳод”, шохаи олии низомии “Ҳизбуллоҳ” буд.
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” ҳанӯз хабарро тасдиқ ё инкор накардааст.