Нерӯҳои Исроил рӯзи 15-уми октябр ҳамлаҳоро ба зидди "Ҳизбуллоҳ" дар шарқи Лубнон оғоз кардаанд.
“Ҳизбуллоҳ” як гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳизби сиёсист, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад.
Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомияшро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ба ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ” ба як пойгоҳи низомии кишвараш ҷавоби сахт хоҳанд дод.
Дар он ҳамла рӯзи 13-уми октябр чаҳор сарбози исроилӣ кушта шуданд.
Нетаняҳу ҳангоми боздид аз пойгоҳ гуфт, Исроил ба ҳамлааш ба зидди “Ҳизбуллоҳ” идома хоҳад дод, “бидуни раҳм, дар ҳама ҷойи Лубнон, аз ҷумла пойтахт – шаҳри Бейрут”.
“Ҳизбуллоҳ” дар ҳамла ба пойгоҳи артиши Исроил дар шаҳри Беняминия аз селаи ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кардааст.