Як мақоми Исроил тасдиқ кард, ки Муҳаммад Зайиф, раҳбари шохаи низомии Ҳамос ҳадафи ҳамлае будааст, ки дар шаҳри Хон Юнус дар Ғазза сурат гирифт ва даҳҳо кушта барҷой гузошт.
Созмони Ҳамосро Иттиҳоди Аврупо ва Амрико як созмони террористӣ медонанд. Ба қавли ин манбаъ, ки бо шарти зикр нашудани номаш суҳбат кардааст, Рафо Салама, яке дигар аз раҳбарони Ҳамос низ дар ин ҳамла ҳадаф гирифта шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ҳардуи ин афрод кушта шудаанд, ё не. Вазорати тандурустии Ғазза эълон кард, ки дар зарбаҳои ҳавоии Исроил 71 нафар ҷон додаанд.