Исроил аз сокинони Рафаҳ хост, ба ҷои амн бикӯчанд

Исроил рӯзи шанбе амр дод, ки дар пешорӯи тавсеаи амалиёташ зидди Ҳамос дар шаҳри ҷанубии Рафаҳи Ғазза мардум ба ҷойҳои амн бикӯчанд.

Исроил рӯзи шанбе амр дод, ки дар пешорӯи тавсеаи амалиёташ зидди Ҳамос дар шаҳри ҷанубии Рафаҳи Ғазза мардум ба ҷойҳои амн бикӯчанд.

Дар канораҳои Рафаҳ ҷангҳои бештаре миёни нирӯҳои исроилӣ ва ҷангиёни Ҳамос мушоҳида мешавад ва ин вазъият водор кардааст, ки то ҳол 110 ҳазор нафар ҷойҳои зисти худро тарк карда ба самти шимол ҳаракат кунанд.

Ҳаракати Исроил ба сӯи Рафаҳ ҳанӯз аввали кор аст ва амалиёти васеъмиқёси Исроил пурра шурӯъ нашудааст.

СММ ва дигар ташкилоти ёрирасон аз ҳафтаҳо пеш ҳушдор доданд, ки Исроил даст аз амалиёт дар Рафаҳ бардорад, чун ин минтақаи ҳаммарз бо Миср ва гузаргоҳи муҳими интиқоли кӯмакҳои башарӣ мебошад ва метавонад вазъи бе ин ҳам сангини мардумро аз назари дастёбӣ ба ғизову ёриҳо бадтар кунад. Ҳоло дар Ғазза беш аз 1,4 миллион фаластинӣ – нисфе аз аҳолии Ғазза паноҳ ёфтаанд.