Исроил аз раҳоии зиндониёни фаластинӣ худдорӣ кард

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил

Исроил раҳоии 602 зиндонии фаластиниро, ки рӯзи шанбе бояд бар ивази озодии шаш гаравгони исроилӣ аз Ғазза раҳо мекард, ба таъхир гузошт.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар баёнияе гуфтааст, то кафолат дода нашавад, ки “гаравгонҳои дигар бе баргузории ҳамоиши таҳқиромез” озод мешаванд, зиндониёни фаластиниро озод намекунанд.

ҲАМОС, ки дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико созмони террористӣ шинохта мешавад, гаравгонҳоро зери садои мусиқии таблиғотӣ ва шиорҳои зидди мақомоти Исроил озод карда буд.

Дар баёнияи сарвазири Исроил гуфта шудааст, ки ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки ҲАМОС “бандҳои созишномаи отшабасро нақз кард, шарафи гаравгонҳоро паст зад ва онҳоро бо ҳадафи таблиғотӣ истифода бурд”.

Шаш гаравгоне, ки ҲАМОС рӯзи 22-юми феврал раҳо кард, аз охирин гаравгонҳои зинда буданд, ки дар марҳилаи аввали оташбас раҳоиашон дар назар гирифта шуда буд.

Намояндагони ҲАМОС Исроилро ба нақзи отшабас айбдор карданд, ки ба аҳдаш вафо накард ва рӯзи шанбе маҳбусонро ба наздиконашон насупурд.

Рӯзи 15-уми январ Исроил ва ҲАМОС бо кумаки кишварҳои миёнарав ба созиши оташбас расиданд. Раҳоии гаравгонҳои исроилӣ аз Ғазза ва озод сохтани зиндониёни фаластинӣ аз Исроил аз шартҳои ин созиш буд.

ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Ғазза ҳамла карда, 1200 нафарро кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Исроил дар посух ба Ғазза ҳамла кард, ки беш аз 47 ҳазор нафар дар ҳамлаҳои ин кишвар кушта шуданд.

Бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ Исроилро ба наслкушӣ айбдор карданд. Мақомоти ин кишвар наслкушии фаластиниҳоро рад карданд.