ДИИШ "масъулияти ҳамлаи Ню-Йорк"-ро ба ӯҳда гирифт

Тибқи гузоришҳо, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ, масъулияти ҳамлаи рӯзи 31-уми октябр дар Ню-Йоркро ба ӯҳда гирифтааст. Дар ин ҳамла 8 нафар кушта ва 12 нафар захмӣ шуданд. Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз ҳафтаноми "Ал-Анбоъ" вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" навиштааст, "ронандаи мошини худрав яке аз сарбозони хилофат буд". Ин нашрия шарҳи бештаре дар ин бора ироа накардааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар паёме дар шабакаи "Твиттер", хостори эъдоми ҳар чӣ зудтари омили ҳамлаи Ню-Йорк шудааст.

"Яке аз сарбозони "Давлати исломӣ" ба шуморе аз салибиҳо дар яке аз хиёбонҳои Ню-Йорк ҳамла кард",- омадааст дар ин навиштаи ҳафтаномаи "Ал-Анбоъ". Дар идомаи ин хабар омадааст, ки "бо фазли Худо, амалиёт боиси тарс дар Амрико ва боиси афзоиши тадбирҳои амниятӣ ва иқдомҳо алайҳи муҳоҷирон ба Амрико шуд."

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳеҷ санаде дар мавриди даст доштани худ дар ин ҳамла пешниҳод накардааст. Дар чандин ҳодисаҳои гузашта низ иддаоҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо санадҳо исбот нашуданд.

Сайфулло Соипов, шаҳрванди 29-солаи Узбакистон, ки бо як мошини хурди борбар ба дучархасаворон дар Ню-Йорк ҳамла кард, ҳамакнун дар боздошти пулис аст. Сайфулло Соипови рӯзи 2-юми ноябр дар додгоҳ ҳозир шуд ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Ӯ ба ҳимоят аз гурӯҳи "Давлати исломӣ", хушунат ва тахриби васоили нақлиёт, муттаҳам шудааст. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Узбакистон дар соли 2010 ба Амрико муҳоҷират карда буд.

Сайфуллоҳ Соипов

Рӯзномаи "Washington Post" гузориш додааст, ки тибқи бозпурсӣ, Сайфулло Соипов ба муфаттишони FBI гуфтааст, аз як сол қабл барои ин ҳамла омодагиро оғоз карда буд ва ду моҳ пеш тасмими қатъӣ гирифт, ки аз мошини калони иҷора барои ҳамла ба мардум, истифода кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки як мақоми пулиси Ню-Йорк рӯзи гузашта гуфта буд, Сайфулло Соипов рӯзи шанберо барои ҳамла интихоб карда буд, зеро ки рӯзи Ҳелловин буд ва мардуми зиёде дар кӯчаҳо ҳузур доранд ва муттаҳам фикр мекард, ки метавонад шумораи зиёди шаҳрвандонро бикушад.

Ҳамчунин гузориш шудааст, ки Сайфулло Соипов дар мошини иҷораи худ як парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро доштааст. Дар парвандаи 10-саҳифагии Сайфулло Соипов омадааст, ки ду телефони мобил аз мошини ӯ пайдо шудааст, ки дорои видео ва аксҳои таблиғотии гурӯҳи "Давлати исломӣ" будааст. Тибқи гузоришҳо, Сайфулло Соипов дар соати 2:05 дақиқаи рӯзи 31-уми октябр аз фурӯшгоҳи "Home Depot" дар Нюҷерси мошинро ба иҷора гирифта буд ва дар соати 3:05 дақиқа ин ҳамларо анҷом додааст.

Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 2-уми ноябр гуфт, бо назардошти ҳамлаи Соипов, Амрико ворид кардани Узбакистон ба феҳрасти кишварҳое, ки вуруди шаҳрвандонашон ба Амрико мамнӯъ аст, сарфи назар намекунад: "Мо дар ҳоли ҳозир, ба ин даъват намекунем, вале онро истисно ҳам намедонем."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳалокати 8 нафар дар ҳамлаи Ню-Йорк

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар паёме дар шабакаи "Твиттер" хостори эъдоми ҳар чӣ зудтари омили ҳамлаи Ню-Йорк шудааст. Доналд Трамп навиштааст, Сайфулло Соипов бояд ба "эъдом маҳкум шавад". Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин таъкид кардааст, ки додгоҳ бояд "сареътар иқдом кунад. Муҷозот -- эъдом."

Дар ҳамлаи рӯзи сешанбе ҳашт нафар кушта ва 12 нафар захмӣ шуданд. Панҷ нафар аз кушташудаҳо шаҳрвандони Аргентина ҳастанд. Онҳо ба Ню-Йорк сафар карда буданд, то пас аз 30 сол, форуғутаҳсилии худро ҷашн бигиранд. Як зани белгиягӣ ва ду амрикоӣ низ дар ҳамлаи рӯзи сешанбеи Ню-Йорк, кушта шуданд.