Писари Зарафо Раҳмонӣ: Модарам ба табобат ниёз дорад

Хонаводаи Зарафо Раҳмонӣ, собиқ мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯянд, ки ӯ рӯзи 5-уми сентябр аз боздошт раҳо шуд ва як муддат ба муолиҷа ниёз дорад. Раҳмонӣ бар асоси қонуни афв аз зиндон берун омадааст.

Зарафо Раҳмонӣ, собиқ мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 5-уми сентябр бар асоси қонуни афв аз маҳбас раҳо шудааст. Вай як соли пеш, ба дунболи ошӯби Абдуҳалим Назарзода - муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон - боздошт ва ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд.

Маҳмад Сафарзода, писари Зарафо Раҳмонӣ, рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо хоҳиши модараш дар бораи раҳоии ӯ ба расонаҳо хабар надодаанд. Ба қавли ӯ, Зарафо Раҳмонӣ гуфтааст, "асабаш ором нест ва мехоҳад, ки бидуни сӯҳбат бо намояндагони васоити ахбори умум ба хонааш равад". ​"Вазъи саломатии модарам чандон хуб нест. Ӯ тайи чанд рӯзи оянда бояд муолиҷа шавад. Модарам хоҳиш кард, ки баъди як ҳафтаи табобат метавонад, бо хабарнигорон суҳбат кунад," – гуфт Маҳмад Сафарзода.

Вақте ки ба маҳалли зисти Зарафо Раҳмонӣ рафтем, вай ҳозир нашуд, суҳбат кунад ва фарзандонаш гуфтанд, ки ҳамосяҳо низ ба аёдаташ меоянд, вале онҳоро қабул карда наметавонад. Дар нимаи дувуми рӯз Зарафо Раҳмонӣ ба беморхона рафта буд ва тавре ҳамсараш Хайриддин мегӯяд, "наздики як сол дар шароити боздоштгоҳ ба сар бурдан ба саломатиаш осеби ҷиддӣ расондааст. Хусусан, пойҳояш ба шиддат дард мекунанд".

Қонуни афв дар робита ба ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи августи имсол аз тарафи порлумони кишвар тасвиб шуд. Бар асоси ин қонун 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ, аз ҷавобгарӣ ва идомаи адои ҷазо озод хоҳанд шуд. Дар пайи тасвиби ин қонун як манбаъ дар Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 18-уми август ба Озодӣ гуфт, ки Зарафо Раҳмонӣ чор кӯдаки ноболиғ дорад ва қонуни афв нисбат ба ӯ татбиқ мегардад.

Зарафо Раҳмонӣ 44 сол дошта, зодаи ноҳияи Қумсангир (Ҷайҳун)-и вилояти Хатлон аст. Ӯ аз соли 2008 то 2012 ба ҳайси раиси бахши фарҳанг ва муовини раиси дастгоҳ ва аз соли 2012 то замони боздошташ ба унвони мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ кор кардааст.

Се бор - солҳои 2005, 2010 ва 2015 - номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Солҳои охир фаъолияти адвокатӣ ҳам мекард ва узви Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе буд.

Зарафо Раҳмонӣ соли гузашта ҳамроҳи 13 узви дигари раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт шуд. Мақомот онҳоро барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва даст доштан дар ошӯби моҳи сентбяри соли гузашта муттаҳам карда, моҳи июни имсол ба муддатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаитро ба ҳабси абад фиристоданд. Раҳмонӣ танҳо зан дар ҳайати ин гуруҳ буд, ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа қарор дорад, борҳо ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ошӯби Абдуҳалим Назарзода танҳо баҳонае барои бастани ҲНИТ ва ҳамин тавр аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани аъзои фаъолаш буд.