Ҳизби наҳзат ба пинҳонкорӣ хоҳад гузашт?

Фаридун Ҳодизода

Таҳлилгари масоили динӣ Фаридун Ҳодизода мегӯяд, бо баста шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон аъзои радикал ё тундрави ин ташаккули сиёсӣ эҳтимолан ба фаъолиятҳои зеризаминӣ гузаранд.

Фаридун Ҳодизода, муҳаққиқи масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, баста шудани ҲНИТ, боздошти раҳбарони асосии он ва иттиҳоми раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар ташкили ошӯбҳои мусаллаҳонаи генерал Назарзода аъзои радикал ё тундрави ин ташаккули сиёсиро ба пешбурди фаъолиятҳои пинҳонкорона водор мекунад.

Ин таҳлилгар мегӯяд, ки афроди норозӣ аз мавқеи нарму таҳаммулпазири Кабирӣ дар сохтори ҲНИТ ҳамеша вуҷуд доштанд ва дар посух ба бархӯрдҳои ҳукумат дар баробари ин ҳизб аз Кабирӣ иқдомҳои шадидтарро тақозо мекарданд. Вале ҳоло бо баста шудани ҳизб ва дар хориҷа будани раиси он, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳамин бахши афроди норозиву тундрав “ташаббусро” ба дасти худ бигиранд.

«Аъзои радикали ҳизб албатта орзу мекарданд, ки ҲНИТ пароканда шавад ва онҳо бо баҳонаи дилсардӣ аз ҳизб ба гурӯҳҳои радикали исломӣ бипайванданд. Онҳо ҳамеша раҳбарияти ҳизбро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд, ки бо ҳукумати Тоҷикистон созиш карда буд. Акнун интиқод мекунанд, ки “дидед, чӣ тур шуд?”- гуфт Фаридун Ҳодизода.

Ҳодизода мегӯяд, ҳоло ки мақомот ҲНИТ-ро ба ҳамдастӣ ба терроризм, тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, одамкушӣ ва таҳдид ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муттаҳам кардаанд, бояд далели радднопазири ин айбномаҳоро намоиш диҳанд. "Иттиҳоме, ки нисбат ба Кабирӣ эълон шудаанд, бисёр ҷиддӣ мебошанд", - гуфт Ҳодизода.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, агар мақомот далели робита ва даст доштани Кабирӣ ва раҳбарияти боздоштшудаи ин ҳизби исломӣ ба ошӯбҳои ахирро дошта бошанд, пас ин афрод ҳам базудӣ раҳо намешаванд ва ҳукми сангине онҳоро дар пеш аст.

Ҳодизода мегӯяд, таърихи пайдоиш ва ташаккули ақидаҳои зеризаминӣ ё пинҳонии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1973-1991 дар бораи созмон ёфтани як шабакаи бузург дар он солҳо далолат мекунад. “Ман фикр мекунам, ки онҳо ин таҷрибаро боз ҳам идома медиҳанд. Агар онҳо ин дафъа ба фаъолияти зерзаминӣ гузаштанд, бештар радикал мешаванд. Ин ҳолат метавонад раҳбари ҳизбро таҳти таъсири тундравҳо гузорад ва ӯ мавқеи нармашро дигар кунад".

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ рӯзи 17 сентябр ба радиои Озодӣ иттиҳоми додситонии куллро дар мавриди даст доштани ҳизб дар даргириҳои мусаллаҳонаи ахир дар кишвар беасос хонд.

Кабирӣ ба ин суол, ки оё боздоштҳои ахир метавонад ба фаъолиятҳои пинҳонкорона роҳ кушояд, гуфт, ки ҳизби ӯ ҳеҷ гоҳ ба пинҳонкорӣ нахоҳад гузашт ва танҳо бо мурооти қонунҳои Тоҷикистон ва ҳар кишваре, ки дар он қарор доранд, амал хоҳад кард. Худи Кабирӣ баъди аз даст додани ду ҷой дар порлумон моҳи апрели соли равон аз кишвар хориҷ шуд. Дар ин муддат як дафъа ӯ аъзои раёсати ҳизбро барои ташкили ҷаласа ба шаҳри Истамбул даъват карда буд. Ҳоло 13 узви раёсат ва фаъолони ҳизб, аз ҷумла ҳама муовинони Кабирӣ, боздошт шудаанд.