Бо вуҷуди пешравиҳои артиши Сурия дар Ҳалаб, тибқи гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад назорати шаҳри таърихии Палмираро аз даст додаанд ва ин минтақа дар тасарруфи нерӯҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мебошад.
Тибқи гузоришҳо, рӯзи якшанбе гурӯҳи "Давлати исломӣ" бори дигар қисматҳои асосии ин шаҳри таърихиро ба тасарруфи худ даровардааст. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода ва навиштааст, ки ҷангҳои рӯзи якшанбе дар ин шаҳр байни ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва нерӯҳои артиши Сурия бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии Русия сурат гирифтааст ва ҳарду тараф иддао кардаанд, ки пирӯзиҳо ба даст овардаанд.
Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз Вазорати дифои Русия, дар ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар, ки аз шаби шанбе шурӯъ шуд, беш аз 300 нафар аз нерӯҳои ДИИШ кушта ва 11 танк ва 31 мошини онҳоро тахриб намуданд ва афроди ин гурӯҳ шаҳрро тарк кардаанд.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи шанбеи 10 декабр муваффақ шуд, ки бо шикаст додани нерӯҳои артиши Сурия вориди Палмира шавад ва рӯзи якшанбе низ дар вебсайти хабарии худ "Аъмоқ" иддао кард, ки ҷангиёни ин гурӯҳ танҳо дар қисматҳои каме аз ин шаҳр ақибнишинӣ кардаанд ва дар ҳоли бозгашт барои назорати комили ин шаҳр мебошанд.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Бритониё мебошад, низ ин хабарро таъйид кардааст ва Ромӣ Абдураҳмон, масъули ин ниҳод гуфтааст, ки бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоии Русия, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамаи Палмираро бозпас гирифта ва дар гӯша-гушаҳои шаҳр сарбозони артиши Сурияро ҷустуҷӯ мекунад.
Ин шаҳри таърихӣ, ки ҳоло ба вайронае табдил шудааст, дар феҳристи меросии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” моҳи майи соли гузашта шаҳри Палмираро тасарруф намуда, баъд аз чанд муддат маъбади “Бел”, ки аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бостонӣ дар Ховари Миёна маҳсуб мешуд ва маъбади “Баъли Шамин”-ро хароб кард.
Сипас ситезаҷӯён чанд осори бостонии дигар, аз ҷумла, се манораи солҳои 44 ва 103-юми милодӣ бунёдшуда ва бинои таърихии “Тоҷи нусрат”-ро, ки дар даврони Рими Қадим дар қарни дуи милодӣ бунёд шуда буд, тахриб карданд. ЮНЕСКО, Созмони илму маориф ва фарҳанги СММ, тахриби ёдгорҳои таърихии Палмираро “ҷинояти ҷангӣ” бо ҳадафи аз миён бурдани намод ва осори фарҳангии Сурия арзёбӣ карда буд.
Вазъияти ҷанг дар Палмира дар ҳоле аст, ки тибқи гузоришҳо, артиши Сурия рӯзи якшанбеи 11 декабр бо ҳимояти ҳавоии Русия тавонистаанд, ки 85 дарсади шаҳри муҳим ва стратегии Ҳалабро аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" бозпас бигирад.
Тибқи гузоришҳо, 8 ҳазор нафар аз минтақаҳои таҳти назорати шӯришиён дар Ҳалаб, фирор кардаанд. Дидбони ҳукуқи башари Сурия эълон кардааст, ки аз авохири моҳи ноябр то ба ҳол беш аз 120 ҳазор нафар минтақаҳои таҳти назорати мухолифони Башор Асад дар шаҳри Ҳалабро тарк кардаанд.