Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марвориди Шарқ" умед ба эҳёи дубора дорад


Ёдгориҳои таърихии шаҳри бостонии Палмира ё Тадмор дубора таҳти назорати давлати Сурия қарор мегиранд.

Нерӯҳои ҳукуматии Сурия бахши шимолии шаҳри бостонии Палмира ё Тадморро аз гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” озод карданд. Бино ба иттилои телевизионии давлатии Сурия, артиш бо мусоидати тӯпхона ва ҳавопаймоҳои ҷангиии Русия, рӯзи 26 март минтақаи Ал-Амирияи канори Палмираро таҳти назорат қарор дод.

Як рӯз пеш нерӯҳои ҳукуматӣ бахши ғарбии ин шаҳри бостониро ишғол карда буданд. Расонаҳои давлатӣ навиштаанд, ки қисмати бостонии Палмира пурра аз ситезаҷӯён озод карда шудааст - дар навори ахири телевизионӣ сарбозе дида мешуд, ки болои як қалъаи бостонӣ парчами Сурияро алвонҷ медод.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар моҳи майи соли гузашта шаҳри Палмираро тасарруф намуда, баъд аз чанд муддат маъбади “Бел”, ки аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бостонӣ дар Ховари Миёна маҳсуб мешуд ва маъбади “Баъли Шамин”-ро хароб кард. Баъдан ситезаҷӯён се манораи солҳои 44 ва 103-юми мелодӣ бунёдшуда ва бинои таърихии “Тоҷи нусрат”-ро, ки ёдгории даврони Рими Қадим дар қарни дуи милодӣ буд, таркониданд. ЮНЕСКО, созмони илму маориф ва фарҳанги СММ, тахриби ёдгориҳои таърихии Палмираро “ҷинояти ҷангӣ” бо ҳадафи аз миён бурдани намодҳо ва осори фарҳангии Сурия арзёбӣ карда буд.

Тахриби маъбади “Баъли шамин”-
Тахриби маъбади “Баъли шамин”-

Бар пояи ривоёти Инҷил, шаҳри Палмираро шоҳ Сулаймон поягузорӣ карда ва ин шаҳр солиёни тӯлонӣ шаҳри муҳими тиҷоратӣ дар шоҳроҳи Шарқу Ғарб маҳсуб мешуд. Ба гуфтаи Ҳасани Ҳошимиён, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, дар Палмира ё Талмор ёдгориҳои замони Бобил, замони Ошур ва замони томасеҳӣ хело зиёданд ва фақат баъд аз комилан озод шудани Палмира метавон гуфт, ки ба кадоме аз онҳо осеби ҷиддӣ нарасидааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ёдгориҳои тахрибашуда эҳё мешаванд ё на - дар ин бора баъд аз таъмини амният дар Палмира ва сафари мутахассисону бостоншиносон ба ин минтақа тасмим гирифта хоҳад шуд.

Қабл аз ҳамлаи “Давлати исломӣ” ба Палмира ҳукумати Сурия бархе аз ин ёдгориҳоро ба Ҳумс ва дигар ҷойҳои амн интиқол дод, аммо ба дигар ҷой бурдани биноҳову қасрҳои пешин ва муҷассамаҳои хело зиёд ғайримумкин буд, мегӯяд таҳлилгар.

Моҳҳои ахир далелҳои зиёде ҳам ошкор шуданд, ки ситезаҷӯён на ҳама ёдгориҳоро тахриб месозанд ва баъзе аз онҳоро қочоқӣ фурӯхта ҷайби худро пур мекунанд. Баъзе аз расонаҳои Ховари Миёна навиштанд, бисёр аз муҷассамаҳо дар шаҳри бостонии Намрӯд, ки қобили ҳамлу нақл буданд, аз сӯи ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” ба ҷойҳои дигар интиқол ёфтанд ё бо қимати гарон фурӯхта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, ки нерӯҳои ҳукуматии Ироқ ҳам набардҳо алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро густариш додаанд. Генерали ироқӣ Яҳё Расул рӯзи 24 март гуфт, ки артиш амалиёти мавсум ба “Ал-Фатҳ” барои озод кардани Мовсил, дуввумин шаҳри бузурги кишварро, оғоз кард ва чанд рустои канори шаҳри Махмур, воқеъ дар шарқи Мовсилро аз ситезаҷӯён озод намуд.

Ризо Тақизода, коршиноси масоили Ховар миёна мегӯяд, ки ишғоли Мусал аз сӯи артиши Ироқ гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ба мушкили ҷиддӣ гирифтор хоҳад кард. Агар "Давлати исломӣ" воқеъан дар Мовсил таслим шавад, мавқеи онҳо дар Сурия ҳам танг хоҳад шуд, зеро ҳоло хатти иртиботӣ миёни манотиқи таҳти назорати ситезаҷӯён дар хоки Сурия то Мовсил кӯмакҳои мутақобил байни ин манотиқро имконпазир мекунад, мегӯяд ӯ. Аз нигоҳи таҳлилгар, муҳим аз ҳама, дар сурати ишғоли Мовсил давлати Ироқ метавонад ба якпорчагии худаш бо умедвории бештар назар кунад – ин пирӯз, аз ҷумла, то ҳадде эълони истиқлоли Курдистонро ба таъхир хоҳад гузошт.

Аммо Ризо Тақизода ба муваффақ шудани амалиёти “Ал-Фатҳ” чандон мутмаин нест, зеро ба гуфтаи ӯ, тайи се-чаҳор соли ахир артиши Ироқ дар вилояти Анбор дар амалиёти маҳдудтаре, ки ниёз ба таҷҳизот ва афроди камтаре дошт, ба мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва артиш натавонист ҳатто шаҳри хурдеро чун Фалуҷҷаҳ зуд таҳти назорат бигирад. Ҳоло суол ин аст, ки Эътилофи байнулмилалӣ, гурӯҳҳои шиаи аз сӯи Эрон эъзомшуда ва гурӯҳҳои сунниву қабилаҳои минтақа дар озод кардани Мовсил ба ҳукумати Бағдод кӯмак хоҳанд кард ё на, меафзояд таҳлилгар.

Дар ҳамин ҳол Барак Обама рӯзи 26 март эълом дошт, ки Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Амрико кӯмак ба артиши Ироқро идома медиҳад кӯмак мекунад. Ӯ гуфт, ки то имрӯз бо пуштибонии Эътилоф тақрибан 40 дар сади қаламрави Ироқ аз гурӯҳи «Давлати исломӣ» бозпас гирифта шуд.

Сарвари Амрико изҳор намуд, ки ҳамлаҳо болои “Давлати исломӣ” афзоиш хоҳанд ёфт – қарор аст, ки ҳафтаи оянда ИМА ва ҳампаймонҳояш дар як нишасти сарони кишварҳои ҳастаӣ дар Вошингтон мавзӯи тақвияти мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро баррасӣ хоҳанд кард. Ахиран Пентагон ҳам эълом дошт, ки мехоҳад ба хотири кӯмак ба артиши Ироқ теъдоди низомиёнашро дар ин кишвар афзоиш диҳад. Вале, ба гуфтаи вазири дифои Амрико Эштон Картер, дар ин бора ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ҳалокати чанд тан аз фармондеҳони аршади “Давлати исломӣ” ба он маънӣ нест, ки рақиб ба шикасташ тан хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG