"Давлати исломӣ" 21 коргари мисриро дар Либия сар бурид

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Либия бо нашри навори видеоӣ аз сар буридани 21 масеҳии мисрӣ хабар додааст.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Либия шоми рӯзи якшанбе бо нашри як навори видеоӣ, аз сар буридани 21 мисрии масеҳӣ хабар дод. Ин шаҳрвандони Миср тақрибан ду моҳ қабл дар шимоли Либия аз сӯи ин гурӯҳ рабуда шуда буданд. Дар навори видеоӣ, 21 мисрӣ бо дастбанд ва либоси зард ё норинҷӣ дида мешаванд, ки бо зӯр ба замин хобонида шуда ва сар аз танашон ҷудо мешавад.

Бо вуҷуди тавсияи мақомоти Қоҳира, соли гузашта ҳазорон мисрӣ барои пайдо кардани кор ба Либия рафтаанд. Давлати Миср рӯзи гузашта дар пайи интишори навори видеоие, ки ин 21 мисриро дар ҳоли роҳ рафтан нишон медод, барои баргардонидани шаҳрвандони он кишвар омодагӣ карда буд.

Пас аз нашри навори сар буридани коргарони мисрӣ, Абдулфаттоҳи Сисӣ, раиси ҷумҳури он кишвар эълом кардааст, ки дар замони муносиб ба ин амали гурӯҳи "Давлати исломӣ" посух хоҳанд дод. Донишгоҳи Ал-Азҳар низ бо "ваҳшиёна" хондани ин иқдом, эълом кард, ки чунин амал рабте ба ҳеҷ яке аз адён ва ё арзишҳои инсонӣ надорад. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Миср ба ёдбуди ин кушташудагон як ҳафта мотами умумӣ эълон кардааст.

Кишвари Либия аз соли 2011 ва пас аз сарнагунии Муаммар Қаззофӣ дар пайи эътирозҳои мардумӣ ҳукумати марказӣ надорад ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар бахшҳои мухталифи ин кишвар ҳузури фаъол доранд.

Аз ин қабл, дар авоили моҳи ҷорӣ, гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо пахши як видео иддао карда буд, ки халабони асири урдунӣ Муоз Ал-Касосбеҳро зинда ба зинда сӯзондааст. Дар видео ва аксҳои мунташиршуда дар интернет, марде, ки дар оташ месӯхт, монанди дигар асирони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар тан либоси норинҷӣ дошт, ки дар моҳҳои гузашта кушта шудаанд. Ин гурӯҳ дар авохири моҳи январ аз кушта шудани ду гаравгони ҷопонӣ низ хабар дода буд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки бахши бузурге аз сарзамини Ироқ ва Сурияро дар тасарруф дорад, имрӯз дар бархе аз кишварҳои дигар низ фаъол шудааст ва ҷангиёни Либия низ бо ин гурӯҳ байъат кардаанд. Бино ба ҳисобҳо, дар сафи нирӯҳои он дар Ховари Миёна аз 1000 то 2000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ меҷанганд.

Мақомоти Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони тоҷик танҳо дар ҷанги Сурияро то 300 нафар мегӯянд. Вале худи ин ҷангиён дар Интернет иддао доранд, ки шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ҷангҳои Ховари Миёна ба маротиб бештар аст.