Баъзе ҷузъиёти ҳамлаи маргбор ба дидбонгоҳи "Султонобод". ВИДЕО, САДО

Ба дунболи ҳамлаи хунин ба як дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон, мақомот ба мардуми деҳоти наздимарзии ноҳияи Қубодиён ҳушдор додаанд, ки "аз хатарҳо аз самти Афғонистон" ҳушёр бошанд. Дар ин бора рӯзи 6-уми ноябр баъзе аз сокинон ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Эркин Тӯрахонов, раиси ҷамоати "20-солагии Истиқлол"-и ноҳияи Қубодиён низ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти қудратӣ ба фаъолони рустоҳо гуфтанд, аз гузаштани одамон эҳтиёт шавед." Ҷамоати онҳо дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст.​

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар марзи Тоҷикистону Узбекистон, кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ аст ва "онҳо шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузашта, баъдан ба ноҳияи Рӯдакӣ рафтаанд".

Вале ин мақомот дар бораи он ки чӣ гуна як гуруҳи 20-нафара ноаён аз марз гузаштааст ва наздик ба 200 километр роҳро тай кардаву ба дидбонгоҳи "Султонобод" расидааст, тафсилот надодаанд.

Ҳамла, бино бар хабари ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ соати 03:23-и субҳи 6-уми ноябр сурат гирифтааст ва дар он 17 нафар, аз ҷумла як марзбон ва як корманди милиса кушта шудаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, 5 нафарро дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи боздоштшудаҳоро 4 нафар гуфтааст.

Ба ҷуз аз хабарҳое, ки мақомот нашр карданд, иттилои дигар аз манобеи мустақил дастрас нест.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки маъмулан ҳамлаҳои худро дар гӯшаҳои ҷаҳон зуд эълон мекунад, то ба ҳол ба изҳороти мақомоти тоҷик вокуниш накардааст.

Баъд аз изҳороти мақомот, суолҳои зиёде пайдо шуд, ки чӣ гуна ҳамлаварон тавонистанд, давоми ду рӯз аз ноҳияи Қубодиён ба ноҳияи Рӯдакӣ оянд ва касе ҳам монеи онҳо нашуд? Бар тибқи харитаи Гугл, масофа аз ноҳияи Қубодиён то макони ҳодиса тақрибан 200 километр аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамла ба як дидбонгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон


Қубодиён аз минтақаҳои амни марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон аст ва сахт назорат мешавад. Дар гузашта гуруҳҳои мусаллаҳ, вале қочоқбар аз ноҳияҳои Панҷу Фархор, Ҳамадонӣ, Шамсиддини Шоҳин гузашта ва бо марзбонон даргир шуда буданд, вале аз убури марз ба воситаи ноҳияи Қубодиён гузориш нарасидааст.

Мақомот аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунанд. Талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ низ барои гирифтани маълумот аз неруҳои марзбонӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кул то ин дам бенатиҷа анҷомид.

Баъзе аз манобеъ мегӯянд, дар миёни кушташудаҳо хориҷиҳо низ будаанд. Ҳувияти кушташудаҳо ва боздоштшудаҳо ошкор нашудааст. Бино ба гуфтаи манобеи интизомӣ, дар миёни куштаву боздоштшудаҳо занҳо ҳам ҳастанд.

Дар ҳамла ба дидбонгоҳи “Султонобод” як маъмури милиса ва як марзбон кушта шудаанд. Афсари ҳалокшудаи милиса нозири минтақавии ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ Баҳром Қосимзода будааст. Як сокини ҷамоат гуфт, Баҳром Қосимзодаро баъд аз зӯҳри 6-уми ноябр дафн карданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ низ барои видоъ бо афсари кушташуда омад.”

Маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар хабарномае гуфт, баъд аз пурсиши боздоштшудаҳо маълум гашт, “онҳо шаби 3-юми ноябр аз қаламрави вулусволӣ ё ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд". "Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", --омадааст дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома гуфт, ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст.

Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлаварон бо чаҳор мошини дорои рақамҳои “01”, ки ба Душанбе марбут аст, мехостанд, фирор кунанд. Ин манбаъ гуфт, мошинҳои ҳамлаварон асосан тамғаи “Опел” мебошанд. Дар аксҳои нашркардаи Вазорати умури дохилӣ низ чанд мошини “Опел” дида мешавад, ки нимсӯхта ҳастанд. Дар яке аз аксҳо рақами мошин марбут ба минтақаи “01” аст, ки ба мошинҳои ҳудуди Душанбе дода мешавад. Аксҳоро баъдан аз сомонаи Вазорати умури дохилӣ пок карданд.

Аммо ҷангҷӯён аз куҷо мошини сабукрав дастрас кардаанд ва чӣ гуна марзро гузаштанд, маълум нест. Аз ин минтақае, ки гуфта мешавад, онҳо убур кардаанд, роҳи мошингузар миёни Афғонистону Тоҷикистон нест. Ин мошинҳо аз ҷониби ҳамандешони онҳо дар хоки Тоҷикистон дода шудааст ё ҳамлаварон онҳоро рабудаанд, маълум нест ва мақомот ҳануз дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Айни замон роҳ ба сӯи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, қисман масдуд мебошад ва сари роҳ низомиён бо силоҳ истодаанд ва шаҳрвандонро танҳо баъд аз тафтиши санадҳо ва нақлиёташон иҷозаи убур медиҳанд.

Кормандони мақомоти қудратӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки ба ҷамоати Лоҳур ворид шаванд. Онҳо гуфтанд, ки рӯзноманигорон ҳаққи наздик шудан ба маҳалли ҳодисаро надоранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ кори ДОИШ аст

Инчунин дар роҳи Душанбе-Бохтар, мошинҳои низомӣ гузошта шудаанд ва тонкҳо ба чашм мехӯранд. Даромадгоҳи шаҳри Душанбе аз тарафи ҷамоати Лоҳур зери назорати нерӯҳои интизомӣ қарор дорад.

Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст. Дар нуқтаҳои аслии пойтахт низомиён бо аслиҳа ба чашм мерасанд. Низомиён асосан мошинҳои сиёҳишаро нигоҳ дошта, кофтукоб мекунанд.

Хабаргузории русии “РИА Новости” бо такя ба намояндагони марзбонии Узбекистон иттилоъ додааст, ки онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ дар пайванд ба ин ҳамла, дар тамос ҳастанд. Як намояндаи марзбонии Узбекистон изҳор доштааст, ки "мо аз ҳодиса бохабар ҳастем ва феълан онро мавриди омӯзиш қарор додаем".

Ҳамла дар ҳоле ба амал омад, ки Тоҷикистон Рӯзи Қонуни Асосиро ҷашн мегирад ва ҳамаи пирӯзиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои президентӣ дар санаи 6 ноябри солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ба вуқуъ пайваста, аз нахустин интихоботи ӯ 25 сол мегузарад. Худи президент Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар сафар ба кишварҳои Аврупост. Ин сафар қарор аст, то 12 ноябр идома кунад. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар бораи ҳодиса шарҳе ё хабаре нашр накардааст.

Баъди ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат мегирад. Дар он моҳ чаҳор дучархасавор кушта шуданд ва гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти террорро бар ӯҳда гирифт.

Акс аз ҷойи воқеа

Акс аз ҷойи воқеа