Мақомоти маҳаллӣ дар Исфара мегӯянд, ки қирғизҳо дар минтақаи мавриди баҳс шумораи техникаи роҳсозии худро коҳиш додаанд, вале ин ба он маъно нест, ки онҳо сохтмони роҳро қатъ кардаанд.
Собир Сафаров, сардори ҷамоати «Хоҷа аъло»-и ноҳияи Исфара хабари комилан аз сохтмони роҳ дар минтақаи мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон даст бардоштани роҳсозони қирғизро радд кард ва гуфт, ки азбаски онҳо роҳро то сарҳади деҳаи «Хоҷа аъло» тахту ҳамвор кардаанд, дигар корро хотима доданд ва зарурат ба нигоҳ доштани техникаи зиёдро надида, шумори бештари булдозерҳоро ба ҷои дигар интиқол доданд.
Оқои Сафаров субҳи рӯзи 27-уми январ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт: «Ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо сӯҳбат дорам, ман дар рӯ ба рӯи ҳамин роҳ истодаам, дар онҷо 12 техника кор мекард, ҳоло танҳо 2 дулан, як булдозер, як экскватор истодааст ва онҳо роҳро аз «Оқсай» то хатти сарҳади «Хоҷа аъло» дуруст карданд ва онҳо ҳуқуқ надоранд аз назди деҳаи мо гузаранду роҳро ҳамвор кунанд.»
Ҷаноби Сафаров дар идома гуфт, ки ҷониби Қирғистон техникаи худро ба тарафи дигар интиқол дода ва мехоҳанд аз саргаҳи дарёи «Дружба» - аз маҳалли сарбанди об роҳро сохта то ба маҳалли «Оқсай» расонанд. Ба гуфтаи вай, Қирғизистон роҳро то Оқсай сохтааст ва зарур ба идомаи он нахоҳад буд ва мунтазири гуфтушуниди ҳайатҳо мебошад.
Ва ин дар ҳолест, ки гуфтушуниди ахири сарварони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳафтаи гузашта бенатиҷа анҷом ёфт ва ақидаеро ба миён овард, ки ду тараф бо он ки дар бунбастанд, ба ҳамдигар гузашт карданӣ нестанд. Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, мақомоти ин кишвар эълон карданд, ки роҳи алтернативиро дар замини баҳснок хоҳанд сохт, аммо дар сурати замони марзбандӣ ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштани он аз он роҳ истифода нахоҳанд кард. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ба сохтмони роҳи қирғизҳо дар замини худ розӣ нест ва ҷонибдори идомаи ҳалли низои марзӣ бо роҳи сиёсӣ ҳастанд ва фишору раҳбандиро роҳҳалли мушкил намедонанд.
Дар соли 2009 дар Хуҷанд ва соли 2010 дар Ӯш ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон қарордоде ба имзо расонида буданд, ки то замони ташхиси пурраи хатти марз дар минтақаҳои баҳснок ҳеҷ гуна сохтмон пеш бурда нахоҳад шуд.
Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар як муноқиша бар сари сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой – Тамдиқ дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ҷониби Қирғизистон қисмате аз он роҳро дар ҳудуди ноҷияи Исфараи Тоҷикистон месозад, ба тирпарронӣ печид ва 2 марзбони тоҷику 5 марзбону ва як плиси қирғиз захм бардоштанд. Дар пайи ин даргирӣ Бишкек марзҳояш бо Тоҷикистонро баста, сафирашро аз Душанбе фаро хонд ва сатҳи сафораташро пойин овард. Ҳамин тавр, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Душанбе се нота фиристод.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи сокинони ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ҳоло баъди 2 ҳафтаи тирпарронӣ вазъ дар ин минтақа ором ба назар мерасад. Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ҳоло роҳи ин деҳа ба сӯи Ворух аз деҳаи Оқсойи қирғизҳо боз аст ва нақлиёти Исфарав бидуни мамониат равуо дорад.
Вай афзуд: “Ҳоло ҳама ҷо оромӣ. Сокинони Ворух бемалол равуо доранд. Қирғизҳо низ аз роҳи деҳаи Хоҷаи Аъло бемамониат гузар доранд. Баъзе қирғизҳои шинос низ аз ҷамоати Чоркӯҳ гузар доранд. Роҳи мо ба ҳама гӯшаву канорҳои ҷамоат кушода аст.”
Мусоҳибам афзуд, ҷониби Бодканд роҳи Чоркӯҳ - Шӯробро аз минтақаи баҳсноки қирғизнишин, ки дар пайи тирандозии сарҳадбонҳо баста буд, боз кардааст. Аммо ҳудуди 1.5 километр роҳи Исфара --Чоркӯҳ дар маҳали баҳсноки Қарабоғ, ки он ҷо қирғизҳо зиндагӣ мекунанд, ҳамоно баста аст ва сокинон ночор бо роҳи дигар ба суи Чоркӯҳу Исфара ҳаракат доранд.