Муштариёни “Тоҷиксодиротбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои хусусии Тоҷикистон дар гирифтани пули нақд мушкили ҷиддӣ пайдо кардаанд. Ҳоло дар аксар маврид дар банкоматҳои ин бонк, ки наздик ба ним миллион муштарӣ дорад, пули нақд мавҷуд нест ва филиалҳои ин бонк ҳам ба таври маҳдуд ва давра ба давра маблағи муштариёнро пардохт мекунанд.
Дар ҳоле ки муштариён аз эҳтимоли муфлисшавии ин бонк нигарон шудаанд, масъулони “Тоҷиксодиротбонк” ҳар навъ эҳтимоли муфлисшавии онро рад мекунанд.
Шоира Ғаюрова, омӯзгори яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Душанбе, ки вазорати молия маошашро аз тариқи “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мекунад, се моҳ боз дар пайдо кардани пули нақд дар роҳи байни банкоматҳои “Тоҷиксодиротбонк”, саргардон аст. Ӯ 500 сомонӣ маоши худро имрӯз 29-уми феврал низ натавонист аз ягон банкомати “Тоҷиксодиртбонк” дастрас кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шоира мегӯяд, се рӯз шуд, ки идораи молияи шаҳр маоши онҳоро ба суратҳисобашон дар “Тоҷиксодиртбонк” интиқол додааст. Ҳарчанд, ҳангоми санҷиш банкомат нишон медиҳад, ки ин пул вуҷуд дорад, аммо ҳангоми дархости берун кардани пул менависад, ки “маблағ вуҷуд надорад.”
“Се моҳ боз наметавонам маблағамро дар як рӯзу ду рӯз бигирам. Маблағ сарф карда, аз ҷое ба ҷое меравем, аммо банкоматҳо пул надоранд. Имрӯз ҳам ягон банкомат маблағ надошт. Бонки марказӣ омадам. Муштариёни зиёд ҷамъ шуда буданд, ки ба як соату ду соат навбат намерасад. То навбат расидан ҳам аксаран пули банкомат тамом мешавад,”- гуфт Шоира Ғаюрова.
"Тоҷиксодиротбонк” яке аз бонкҳои сермуштарии Тоҷикистон буда, маоши аксари пизишкон, омӯзгорон ва дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз тариқи ҳамин бонк пардохт мешавад. Аммо аксари муштариёни бонк се моҳи ахир дар гирифтани маошашон аз ин бонк ба мисли Шоира мушкил доранд.
Қурбоналӣ Ҷабборов, як сокини 62-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, савори дучархааш аз саҳар то ҳоло банкоматҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро месанҷад, вале 6 соати талошҳояш натиҷае надоданд.
“Дар ҳама ҷо ҷавоб як аст, ки маблағ нест. Ман ҳам нафақа мегирам ва ҳам маош, вале онҳоро чанд моҳ боз аз банкоматҳо гирифта наметавонам,” - гуфт ин сокини пойтахт.
Рӯзи душанбеи 29 феврал даҳҳо нафар барои гирифтани пули нақд дар назди идораи марказии “Тоҷиксодиртбонк” ҷамъ омада буданд. Масъулини бонк ба ба мо иҷозат надоданд, ки бо муштариён сӯҳбат кунем.
Қурбонназар Восиев, сухангӯи “Тоҷиксодиртбонк” аз шарҳи ин масъала, ки чаро муштариҳо наметавонанд пули худро дастрас кунанд, худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ҳоло ҳама гуна сӯҳбати масъулини бонк бо расонаҳоро муштариён ғалат мефаҳманд ва аз ин рӯ, онҳо ба хулосае расидаанд, ки дигар бо расонаҳо сӯҳбат накунанд.
Аммо Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” дар як сӯҳбат ба хабаргузории давлатии “Ховар” мушкилоти мавҷударо ба бӯҳрони молявӣ, даромади ками муҳоҷирони меҳнатӣ ва пас нагардонидани қарзҳо аз ҷониби муштариёни ин бонк вобаста кардааст. Овозаи муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк”-ро Пирзода кори дасти ғаразкорон хонда, мушкили пардохти пули муштариёнро як мушкили муваққатӣ унвон кардааст.
Раиси “Тоҷиксодиротбонк” дар ин мусоҳиба аз ҷумла мегӯяд: “Ба андешаи ман, чунин овозапароканиҳо асосан ду омил дорад. Омили аввал, ин буҳрони молиявии ҷаҳонӣ аст, ки ба тамоми бахшҳои иқтисодиёт таъсири назаррас расонид. Дар натиҷа, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ башиддат поин рафтанд. Аз ҷониби дигар, вазъи ноустувори молиявӣ дар Федератсияи Русия боиси кам гардидани даромади муҳоҷирони меҳнатӣ гардид, ки таъсири он дар аксари хонаводаҳои кишвар эҳсос мегардад. Қобилияти харидории мардум паст, гардиши тиҷорат суст ва дар натиҷа, бозгашти маблағҳои қарзии муштариён ба бонк коҳиш ёфт. Дар ҳоле, ки ҷалби пасандозҳои аҳолӣ якбора кам гардид, инчунин, пеш аз муҳлат бозхонди амонатҳо аз тарафи муштариён афзуд. Бино бар ин, таъмини саривақтиву пурраи уҳдадориҳо барои бонк дар баъзе ҳолатҳо мушкил гашт.”
“Тоҷиксодиротбонк” дар тамоми Тоҷикистон наздики сад филиал дорад. “Тоҷиксодиротбонк” то чанд моҳи пеш беш аз 3 ҳазор корманд дошт ва дороиаш наздики 4 милиард сомонӣ ҳисоб мешуд.