Ибодуллоев ҳарфҳои вакилро “муболиғаомез” номид. САДО

Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Раҳбари Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, дар пахши хабар оид ба истифода аз вебсайтҳои дорои хусусияти ифротӣ дар кишвар як мақоми порлумон ба “сӯитафоҳум” ва “муболиға” роҳ додааст. Манзури Муҳаммадӣ Ибодуллоев изҳороти рӯзи 7-уми июни Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофеа ва амнияти Маҷлиси намояндагон аст, ки зимни муаррифии лоиҳаи ислоҳот ба Қонуни “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дар иҷлосияи порлумон баён дошт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Изҳороти Ҷӯрахон Маҷидзода дар порлумон

Дигарон суол гузоштаанд, ки “чӣ тавр мешавад аз байни 10 корбари интернет дар Тоҷикистон 8 нафараш беихтиёр ваё ҳадафмандона вориди вебсайтҳои хусусияти террористидошта ворид шавад?”

Маҷидзода гуфт, “айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 миллион корбари шабакаи Интернет мавҷуд буда, зиёда аз 80 фоизи онҳо ҳадафмандона ваё ғайриихтиёр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи дорои хусусияти террористӣ дастрасӣ пайдо менамоянд. Тибқи маълумоти Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет дар Тоҷикистон, хадамоти таблиғотии созмони экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ба унвони шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо даъвати пайвастан ба ин созмон ҳамарӯза беш аз 90 ҳазор паёмак ирсол мекунанд”.

Баъди ин изҳорот ҳеҷ як аз аъзои маҷлис дар мавриди баланд будани мизони истифода аз сайтҳои хатарзо суолгузорӣ накард ва ҷаласа ба кори худ идома дод.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет дар Тоҷикистон ин маълумотро “муболиғаомез” хонд. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст, ин рақам дар ҳадди то 5 дар сад ҳам набошад.

Ҷӯрахон Маҷидзода

Зеро, ба гуфтаи ӯ, “дар ин сурат 2,4 миллион истифодабарандаи Тоҷикистон гӯё аз шабакаҳои Интернет иттилои террористиву ифротгароӣ дарёфт кардаанд. Агар дар ин замина назарсанҷӣ анҷом шавад, нодуруст будани ин маълумот рӯшан хоҳад шуд”.

Ибодуллоев дар идома гуфт, дар мавриди рақами 80 дар сад “сӯитафоҳум” рух додааст: “Дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ ду дафъа ширкат карда ва гуфта будем, ки 84 фоизи ҷавононе, ки ба гурӯҳи ДИИШ пайвастаанд, аз тариқи шабакаи Интернет ҷалб шудаанд”.

Изҳороти раиси кумитаи порлумон дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам суолҳоеро эҷод кард ва бархе навиштанд, ки ба хотири роҳ надодан ба қонуншиканӣ ҳангоми истифодаи интернет “хуб мешуд, феҳристи вебсайтҳои хатарноки дорои хусусияти ифротиву террористиро нашр мекарданд”.

Дигарон суол гузоштаанд, ки “чӣ тавр мешавад аз байни 10 корбари интернет дар Тоҷикистон 8 нафараш беихтиёр ваё ҳадафмандона вориди вебсайтҳои хусусияти террористидошта ворид шавад?”

Дар гузашта мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, ки аксари беш аз 1000 шаҳрванди ин кишвар, ки ба сафи гурӯҳи мамнӯъ ва террористии “Давлати исломӣ” шомил шудаанд, тавассути шабакаи интернет ба дасти мубаллиғон афтода, ба қаламравҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд.