Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз ҳукумати Эрон хост, ки ба ҳаққи мардуми ин кишвар эҳтиром гузорад. Ӯ рӯзи 29-уми декабр, дар пайи баргузории эътирозҳо алайҳи ҳукумат ва шароити иқтисодӣ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон, дар Твиттер навишт, “ҷаҳон назорагар аст”.
Видео: Тазоҳуроти мадум дар Кирмоншоҳ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷаҳонгирӣ гуфтааст, онҳое, ки дар пушти ин тазоҳуротанд, фикр мекунанд, бо ин кор ба ҳукумат зарба хоҳанд зад. Аммо, ба қавли ӯ, онҳо ангуштони худро оташ мезананд.
Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, “гузоришҳое аз тазоҳуроти мусолиматомези шаҳрвандони Эрон мунташир шудааст, ки аз фасоди режим ва ба ҳадар додани сарвати кишвар барои ҳимояти молӣ аз терроризм дар хориҷ ба дод омадаанд.”
Тайи ду рӯзи ахир дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон эътирози сокинон алайҳи ҳукумат ва шароити иқтисодӣ баргузор шуд. Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр алайҳи гаронии нарх дар шаҳрҳои Машҳаду Нишопур оғоз шуда, 29-уми декабр дар шаҳрҳои Теҳрону Аҳвоз ва Кирмоншоҳ идома кард. Нархи бисёре аз маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла тухми мурғ дар рӯзҳои ахир дар Эрон то ба 40 дарсад афзоиш ёфтааст.
Хабаргузориҳои “Форс” ва “Меҳр” гузориш доданд, ки пулис ҳудуди сесад нафарро, ки дар шаҳри Кирмоншоҳ гирдиҳам омада буданд, пароканда кардааст. Гузоришҳои тасдиқношуда баёнгари онанд, ки рӯзи 29-уми декабр тақрибан 50 тан дар Кирмоншоҳ боздошт шуданд.
Дар видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки эътирозгарон дар майдони Озодии шаҳри Кирмоншоҳ шиори “марг бар диктатур”-ро баланд карданд. Эътирозгарон ҳамчунон мегуфтанд, ки “миллат гадоӣ мекунад, раҳбар худоӣ мекунад.” Дар ин видеоҳо, инчунин, дида мешавад, теъдоде аз эътирозгарон мегӯянд, “Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун.”
Аз тазоҳуроти ба ин монанд дар чандин шаҳри дигари Эрон, ба шумули Рашту Исфаҳон ва Ҳамадон низ гузориш шудааст. Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки пулис дар Теҳрон ҳудуди 40 танро, ки бидуни доштани иҷозаи расмӣ барои роҳпаймрӣ таҷаммуъ карда буданд, боздошт кардааст.
Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини раиси ҷумҳури Эрон, гуфтааст, ки тазоҳурот дар Машҳад шояд аз тарафи мухолифони тундрави раиси ҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ танзим шудааст. Ҷаҳонгирӣ гуфтааст, онҳое, ки дар пушти ин тазоҳуротанд, фикр мекунанд, бо ин кор ба ҳукумат зарба хоҳанд зад. Аммо, ба қавли ӯ, онҳо ангуштони худро оташ мезананд.