Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сахти раҳбари Эрон ба Аҳмадинажод


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми декабр дар мулоқот бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон, афродеро муттаҳам кард, ки "кори душманро дар дохил анҷом медиҳанд" ва гуфт, "касоне, ки ҳама имконоти кишвар дасташон ҳаст ё буда, ҳаққ надоранд нақши оппозитсияиро бозӣ кунанд."

Алӣ Хоманаӣ дар суханони худ аз фард ё афроди мушаххасе ном набурд, аммо ин изҳорот пас аз он баён мешавад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон ба ҳамроҳии наздикони худ дар пайи рӯёрӯӣ бо мушкилоти додгоҳӣ, бо қувваи қазоияи дучори даргирии лафзӣ шуд ва ҳолати оппозитсияиро ба худ гирифтаанд.

Шуморе аз мунтақидони Аҳмадинажод мегӯянд, ки чаро вай дар даврони раёсати ҷумҳуриаш дар муқобили иқдомоти Додгоҳи олӣ ва саркӯбҳои соли 2009, сукут ихтиёр карда буд.

Раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар суханони худ гуфт, "инҳо душманҳоро шод мекунанд, ба қимати ноумед кардани мардум ва насли ҷавон, ба хусус касоне, ки ҳама имконоти идорӣ, ё имрӯз дар дасташон аст ё дирӯз дасташон буд. Фарқе намекунад, тамоми имкониятҳо дасти инҳо буда ё ҳаст ва он вақт ба қавли фарангмаобон, нақши оппозитсияро ба худ мегиранд".

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома гуфтааст, "ин касоне, ки кишвар дар ихтиёрашон ҳаст ё буда, дигар ҳаққ надоранд алайҳи кишвар ҳарф бизананд. Инҳо бояд посухгӯ бошанд". Ӯ дар идома гуфт, "инҳо тақво надоранд, он касоне, ки кори душманро дар дохил анҷом медиҳанд, тақво надоранд. Инҳо динашон сиёсӣ аст."

Ин изҳорот пас аз он баён мешавад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки "мардум" Содиқ Лориҷонӣ, раиси Додгоҳи олии он кишварро "намехоҳанд" ва "фарёди мардум аз зулми бархе унсурҳои додгоҳӣ" ба фалак печидааст. Раиси ҷумҳури пешини Эрон пеш аз ин дар номае ба Алии Хоманаӣ аз амалкарди ниҳодҳои давлатии кишвараш интиқод карда буд.

"Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханронии рӯзи чаҳоршанбеи худ ҳамчунин гуфтааст, "инки бардорем ҳамин тавр бепарво ин ниҳод ва он ниҳодро бидуни ҳеҷ фарқгузорӣ маҳкум кунем, ин ҳунар нест. Ҳар бачае метавонад санг бардорад ва шишаҳоро бишканад, ки ҳунаре нест. Ҳунар ин аст, ки инсон мантиқӣ ва мунсифона сухан бигӯяд ва барои қудрат ёфтан ҳарф назанад ва Худоро дар назар дошта бошад."

Ӯ дар идома гуфтааст, ки "тӯҳмат ҳаром аст" ва афзудааст, "намешавад ки инсон як даҳа ҳамакораи кишвар бошад, баъд дар даҳаи баъдӣ табдил шавад ба мухолиф."

Парвандаи додгоҳии се тан аз наздикони Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дар ҳукуматҳои қаблии ӯ дастандаркор буданд, ҳам инак бо иттиҳомоти молӣ ва ғайра дар дасти баррасӣ аст ва ҳамин амр интиқоди шадиди Аҳмадинажод ва наздикони ӯро дар пай доштааст. Чанд рӯз пеш Аҳмадинажод хостори "барҳам додани боздоштгоҳҳои вижа" ва "манъи комили мақомоти додгоҳӣ аз дахолат дар умури сиёсӣ" шуд.

Аммо шуморе аз мунтақидони Аҳмадинажод мегӯянд, ки чаро вай дар даврони раёсати ҷумҳуриаш дар муқобили иқдомоти Додгоҳи олӣ ва саркӯбҳои соли 2009 сукут ихтиёр карда буд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 дар мақоми раиси ҷумҳури Эрон ифои вазифа кардааст.

XS
SM
MD
LG