Эрон: Баъзе аз занону духтарон ҳиҷобу рӯсарии худро гирифтаанд

24-уми декабр, Теҳрон. Ҷуфти ҷавон дар баландии пурбарфи пойтахти Эрон истодаанд. Бо вуҷуди инки аз соли 1983 дар кишвар пӯшидани ҳатмии ҳиҷоб амал мекунад, духтаре бе ҳиҷоб акс гирифтааст.

5-уми декабр, як бозори шаҳри Теҳрон. Баъд аз марги Маҳсо Аминии 22-сола, ки ӯро полиси ахлоқ барои "бадҳиҷобӣ" боздошт кард, саросари Эронро эътирозҳо бо шиори "Зан, зиндагӣ, озодӣ" фаро гирифт. Як сабаби эътирози мардум ҳиҷоб аст.

Теҳрон, 6-уми декабр. Як зан ҳангоми гардиш дар боғ рӯсариро аз сараш гирифтааст. Бар асоси қонун аз соли 1983 ба занони бе ҳиҷоб дар маконҳои умумӣ то 74 шаллоқ таҳдид мекунад

25-уми декабр, Теҳрон. Духтаре дар назди арчаи солинавӣ акс мегирад. 
Бонувоне, ки барои "бадҳиҷобӣ" гумонбар ҳастанд, бо тасмими полиси ахлоқ, бояд аз дарсҳои ҳатмии "арзишҳои исломӣ" гузаранд 

4-уми декабр, Теҳрон. Дар пайи эътирозҳои сартосарӣ дар Эрон зоҳиран мақомоти ин кишвар ақибнишинӣ карда, кори полиси ахлоқро камранг кардаанд. То рафт шумори занҳои бештаре дар кӯчаву хиёбонҳо бо рӯсариҳои рамзӣ ва ё бо сари луч дида мешаванд  

6-уми декабр, ҷуфте дар маркази Теҳрон. Дар рӯзҳои аввали декабр дар Твиттер як пора видеое нашр шуд, ки дар он ду духтари эронӣ дар маркази Теҳрон бо сари луч мегарданд. Ин навор базудӣ бознашр шуд ва баъди ин шумори бонувоне, ки бидуни ҳиҷоби исломӣ дида мешаванд, афзоиш ёфт.
 

24-уми декабр, гуфтугӯи ду зан дар боғи маркази Теҳрон. "Садои Амрико" бо такя ба гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон навишт, мақомот ходимони полиси ахлоқро аз маҳаллаҳои сарватманди Теҳрон "пок" кардааст  

Занон дар маркази Теҳрон, 6-уми декабр. Дар бисёре аз минтақаҳои берун аз Теҳрон муқаррароти ҳатмии доштани либоси исломӣ барои занон нигоҳ дошта шудааст  

Духтаре бо кӯлоҳи пашмӣ бо сагаш гардиш мекунад. 24-уми декабр, Теҳрон. Дар як гузориши ИРНА гуфта шуд, ки дар вилояти шимолуғарбии Қазвин панҷ корхонаи хусусӣ барои онки дар он занҳои беҳиҷоб кор мекарданд, баста шуданд

Духтаре дар фурӯшгоҳи бозиҳои солинавии масеҳӣ дар рӯзи 25-уми декабр. 
Рӯзи 26-уми декабр дар баъзе аз минтақаҳои Эрон эътироз идома кард

Дар пайи эътирози идомадор дар Эрон, дар кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон занону духтарони бештар бидуни рӯсарӣ ва ҳиҷоб ба чашм мерасанд. Қонун дар бораи доштани ҳиҷоб дар ин кишвар бекор нашудааст