Эрон ба Аврупо: "Дубора ба ғанисозии уран бармегардем". ВИДЕО

Президенти Эрон гуфт, ки агар қудратҳои ҷаҳонӣ дар муқобили таҳримҳои Амрико аз манфиатҳои кишвараш ҳимоят накунанд, Ҷумҳурии Исломӣ тавлиди урани ғализро аз сар мегирад.

Паёми президент Ҳасани Рӯҳонӣ ба мардум дар ин бора рӯзи 8 май садо ва дар рӯзи яксолагии хуруҷи Амрико ​аз созиши муҳим садо дод. Суханронии ӯ дар телевизиони давлатӣ нашр шуд. Рӯҳонӣ гуфт, ки тарафҳои дигари созиш – Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия 60 рӯз фурсат доранд, ки нафт ва бахшҳои бонкии Эронро ҳимоят кунанд.

Рӯҳонӣ ба унвони раҳбарони панҷ кишвари имзокарда зери созишномаи ҳастаии соли 2015 нома зада гуфтааст, ки Эрон ба кам кардани бахше аз ӯҳдадориҳои ҳастаиаш шурӯъ карда, дигар урани ғанишудаи ғализро ба хориҷа содир намекунад. Ин шартҳо дар созиш навишта шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эрон ба Аврупо: "Дубора ба ғанисозии уран бармегардем"

Субҳи 8 май матбуоти Эрон хабар дод, ки номаҳои президент ба сафирони панҷ кишвар таслим шудааст. “Агар панҷ кишвари ширкатдори музокираҳо ба Эрон дар дастёбӣ ба манфиатҳояш дар бахшҳои нафту бонк мусоидат кунанд, Эрон ба ӯҳдадориҳои худ бар асоси созиши ҳастаии сулҳ бармегардад”, гуфт Рӯҳонӣ.

Бо ин вуҷуд, Рӯҳонӣ ҳушдор дод, ки агар раҳбарони аврупоӣ бо истифода аз Шӯрои амнияти СММ ба ҷои кӯмак дар фикри ҷорӣ кардани таҳримҳои нав болои Эрон шаванд, пас бояд омодаи “иқдомҳои қотее” шаванд. Рӯҳонӣ ҷузъиёти бештар надод.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд. Вокуниши Рӯҳонӣ. ВИДЕО

Вазири хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф инчунин дар Твиттер навишт, ки “баъди як соли таҳаммул, Эрон тадбирҳоеро, ки идомаи иҷрои онҳоро ИМА номумкин карда буд, хотима медиҳад”.

Зариф гуфт, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои бозбинӣ шудани ин тасмимҳо “имконияти маҳдуд доранд”. Дафъатан баъди изҳороти Рӯҳонӣ, вазири дифои Фаронса Флоренс Парлӣ гуфт, ки Фаронса мехост созиши ҳастаиро побарҷо нигоҳ дорад ва ҳушдор дод, ки агар Эрон ба ӯҳдадориҳояш пойбанд намонад, механизми ҷорӣ кардани таҳримҳоро ба баррасӣ хоҳад гузошт.

Парлӣ дар сӯҳбат бо BFM TV гуфт, ки ҳеҷ чизе бадтар аз берун шудани Эрон аз ин созиш буда наметавонад.

Созиши ҳастаии соли 2015, ки ба унвони Нақшаи муштарак ва фарогири амал маъруф аст, раҳоии Эрон аз таҳримҳо ва коҳиши фаъолиятҳои барномаи ҳастаии ин кишварро дар назар мегирад. Вале баъди он ки ИМА бо як тасмими президент Доналд Трамп моҳи маи соли 2018 аз созиш хориҷ шуд, иҷрои ин барнома дучори мушкил гардид. Трамп гуфт, ки дар созиш ҳеҷ чизе дар бораи хатми фаъолиятҳо дар самти рушди мушакҳои баллистикӣ ва ё кӯмакҳои Теҳрон ба гуруҳҳои зери нуфузаш дар Ховари Миёна гуфта нашудааст.

Вашингтон инчунин таҳримҳоро дубора баргардонид ва ин тасмим ба иқтисоди Эрон таъсири манфӣ гузоштааст. Алорағми иқдомҳои ИМА, ба иттилои Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаии СММ, Теҳрон то имрӯз шартҳои созишро риоя кардааст.

Ҷонибдорони аврупоии ин созиш талош мекунанд, ки санадро ҳифз кунанд, вале Теҳрон гуфт, ки ҷараёни татбиқи он хеле кунд пеш меравад. Таниш дар равобити Теҳрону Вашингтон замоне шиддат гирифт, ки ИМА аз созиш хориҷ шуда фишорро болои Эрон афзоиш дод.

Моҳи апрел маъмурияти ИМА эълон кард, ки ба хотири то ба ҳеҷ овардани мизони содироти нафти Эрон ба ҳеҷ гузаште роҳ намедиҳад ва ба харидорони нафти Эрон, ки мехоҳанд аз таҳримҳо эмин бошанд, ҳеҷ имтиёзе намедиҳад.

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ҳам рӯзи 5 май гуфт, ки гурӯҳи низомиёнро тавассути ҳавопаймое ба Ховари Миёна интиқол дода, бо ин амалаш ба таҳдидҳову аломатҳои тавсеа ёфтани мушкил дар минтақа аз ҷониби Эрон вокуниш мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сафари Помпео ба Бағдод ва нигарониҳо аз Эрон