Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд. Вокуниши Рӯҳонӣ. ВИДЕО


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Пас аз моҳҳо интизор ва гумонзаниҳо дар бораи сарнавишти тавофуқи атомӣ бо Эрон, Доналд Трамп - раиси ҷумҳури Амрико - гуфт, кишвараш аз ин созиши, ба қавли ӯ, "бад" ва "яктарафа" берун шуд. Вай рӯзи 8-уми май дар Вашингтон гуфт, "барои ман возеҳ аст, ки бо ин таркиби пӯсида ва табоҳшавандаи созиши феълӣ монеи дастёбии Эрон ба бомби атомӣ намешавем. Созиш бо Эрон аз ҳастиаш ноқис аст. Агар мо коре накунем, яқин медонем, чӣ хоҳад шуд. Дар муддати кӯтоҳе кишвари ҳомии аслии террор дар ҷаҳон ба назди дарвозаи хатарноктарин аслиҳаи дунё мерасад. Аз ин рӯ ман имрӯз эълон мекунам, ки Амрико аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ мешавад."

То иҷрои ин тасмим чанд ҳафта сабр мекунем. Бо дӯстон ва муттаҳидон ба машварат мепардозем. Ҳама чиз ба манфиати миллии мо бастагӣ дорад
Ҳасан Рӯҳонӣ

Трамп гуфт, ёддоштеро барои барқарор кардани таҳримоти атомии Амрико бар зидди режими Эрон имзо мекунад: "Мо таҳримоти иқтисодӣ дар сатҳи баландтаринро эҷод мекунем. Ҳар кишваре, ки ба Эрон дар дастёбӣ ба силоҳи атомӣ кумак мекунад, мавриди таҳримоти сахти Амрико қарор мегирад. Амрикоро гаравгон гирифтан ва ё таҳдиди атомӣ кардан имкон надорад. Мо намегузорем, ки ба шаҳрҳои Амрико бо харобӣ таҳдид кунанд, мо намегузорем, режиме, ки “Марг бар Амрико” шиор медиҳад, ба маргбортарин аслиҳа дар Замин дастрасӣ дошта бошад."

Навори видео дар инҷост:

Доналд Трамп Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

  • Вазорати молияи Амрико эълон кард, ки муҷозот ба далели додугирифт бо Бонки марказии Эрон ва ниҳодҳои дигари молии эронӣ ва бахши энержӣ бори дигар барқарор хоҳад шуд​

​Президенти Амрико гуфт, дар ҳоли хуруҷ аз тавофуқи атомӣ бо Эрон дар ҳамкорӣ ва музокирот бо муттаҳидони худ ҳастанд, то ҷилави таҳдиди ҳастаӣ аз тарафи Эронро бигиранд. “Агар режими Эрон ҷоҳталабиҳои ҳастаии худро идома диҳад, ҳам таҳримҳо сангин ва ҳам посухе ғайри қобили интизор хоҳад дошт”, - гуфт Доналд Трамп ва афзуд, “дар ҳоли ҳозир вазири умури хориҷӣ Майк Помпео дар ҳоли ниҳоӣ кардани дидор бо раҳбари Куриёи Шимолӣ аст”.

Президенти Амрико дар ин ҷои суханрониаш паёме ҳам ба мардуми Эрон дод. Ӯ гуфт, “80 миллион аҳолии Эрон мунтазири сарнавишти худ ҳастанд. Ҳама ҳақ доранд, аз ҳокимият бархурдор бошанд. Ин давлати Эрон аст, ки аз музокироти нав саркашӣ кард. Мо омода будем, вале онҳо буданд, ки худдорӣ карданд. Ҳар вақте эрониҳо омода бошанд, ҳам ман омода ва моил ҳастам ва ҳам имкон ҳаст.”​

Вокуниши Руҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар як суханронии вижа, шаби 8-уми май гуфт, “Амрико ҳеҷ вақт ба ваъдаҳояш пойбанд набудааст”. Вай гуфт, ба созмони энержии атомӣ дастур додааст, то омодагии заруриро барои иқдомоти баъдӣ дошта бошад. “То иҷрои ин тасмим чанд ҳафта сабр мекунем. Бо дӯстон ва муттаҳидон ба машварат мепардозем. Ҳама чиз ба манфиати миллии мо бастагӣ дорад”, - таъкид дошт ӯ.

Вокуниши Рӯҳонӣ ба ихроҷи Амрико аз созиши атомӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:38 0:00

Ҳасан Рӯҳонӣ дар идома гуфт, “мардуми мо шоҳид хоҳанд буд, ки рушди иқтисодии мо ва оромиши бозор идома хоҳад дошт. Давлат аз шаш моҳ пеш барномарезиҳои лозимро кардааст. Арзи мавриди ниёзи кишварро ба хубӣ таъмин хоҳем кард.”

  • Бар асоси созише, ки соли 2015 имзо шуд, Эрон фаъолиятҳои атомӣ аз ҷумла ғанисозии ураниумро ба таври чашмгир маҳдуд кард ва баъзе аз таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ ба зидди онро бардоштанд.

Нетаняҳу: Кори дуруст буд

Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, тавассути телевизионҳои кишвараш аз иқдоми Амрико барои хуруҷ аз созиши атомӣ бо Эрон қадрдонӣ кард. Вай тасмими Доналд Трампро дар мавриди лағви тавофуқи атомӣ “кори шуҷоатмандона” ва “дуруст” номид.

Таассуфи Макрон ва...

Пас аз лаҳзаҳои суханронии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон дар “Твиттер” аз берун шудани Амрико аз созиши ҳастаии Эрон ибрози таассуф кард. Ӯ навишт, ки “Фаронсаву Олмон ва Бритониё аз тасмими Амрико таассуф мехуранд.”

Кремлин рӯзи сешанбе ҳушдор дода буд, ки агар Доналд Трамп кишварашро аз тавофуқномаи ҳастаии соли 2015 берун кунад, вазъияти бисёр ҷиддӣ ба миён хоҳад омад.

Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Аз он пеш, Борис Ҷонсон – вазири умури хориҷии Бритониё – барои мутақоид кардани раиси ҷумҳур Доналд Трамп, аз ӯ хоста буд, ки Иёлоти Муттаҳидаро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ накунад. Ӯ гуфт, созиши атомӣ заъфҳое дорад, вале ба онҳо метавон расидагӣ кард. Вазири умури хориҷии Бритониё ба Доналд Трамп ҳушдор дод, ки бо даст кашидан аз созиши атомии Эрон, бо ҳадафи рафъи мушкиле, аз баҳри чизи хубе нагузарад.

Зимни сафари дурӯза дар Вашингтон ӯ бо Доналд Трамп мулоқот накард, вале бо Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ сӯҳбат дошт. Паёмаш ин буд, ки беҳтар аст ба ҷойи даст кашидан аз созиш онро ислоҳ кунанд. «Ба фикри ман, мо метавонем, ҳамаи онро бо дӯстони аврупоиамон ислоҳ кунем. Мо метавонем, бо Эрон сахтгир бошем, аммо аз созише даст накашем, ки монеи дастёбии онҳо ба аслиҳаи атомӣ мешавад», - гуфт ӯ.

Вазири Бритониё аз Трамп хост, аз созиш бо Эрон даст накашад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Борис Ҷонсон ҳушдор дод, ки бе ин созиш Эрон метавонад силоҳи атомӣ бисозад ва рақобати мусаллаҳшавиро дар кишварҳои минтақа ба миён орад. Борис Ҷонсон то рӯзи 12-уми май ба шарикони аврупоиашон мӯҳлат додааст, ки созиши соли 2015-ро ислоҳ кунанд, дар акси ҳол аз созиш даст мекашад ва таҳримот ба зидди Эронро барқарор мекунад.

XS
SM
MD
LG