Муҳаммадтақӣ Собирӣ, муовини умури идорӣ ва молии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, сафири он кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуд. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 8-уми март дар суҳбат бо хабаргузории "Форс" гуфтааст, Муҳаммадтақӣ Собирӣ "рӯзҳои наздик" дар Душанбе ба кори худ оғоз мекунад.
Эрон аз нахустин кишварҳост, ки соли 1992 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохта ва сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст.
"Тоҷикистон низ дипломати олирутбаро сафир муаррифӣ кард"
"Давлати Тоҷикистон низ ахиран яке аз дипломатҳои олирутбаи ин кишвар ва қоиммақоми Вазорати умури хориҷиро ба унвони сафири нав дар Теҳрон муаррифӣ кард. Ин иқдом метавонад, дар Эрон бо истиқболи муносиб мувоҷеҳ шавад”, - афзудааст ӯ.
Ба қавли Баҳром Қосимӣ, Эрону Тоҷикистон "бо таваҷҷуҳ ба собиқа ва иштирок дар ҳавзаҳое чун синамову мусиқӣ, мутолеоти муштарак дар мавриди таърихи гузашта ва забону адабиёт, метавонанд корҳои муштараки судмандро анҷом диҳанд".
Ӯ таъкид кардааст, "ин имкон вуҷуд дорад, ки бо талоши бештар нисбат ба гузашта, ду кишвар битавонанд дар оянда шоҳиди рушду нумӯи ҳарчи бештар дар тавсеаи равобит дар тамоми заминаҳои мавриди алоқа бошанд."
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, равобити Тоҷикистону Эрон "душманоне дорад", ки ба қавли ӯ дар солҳои гузашта "саъй карданд, ба ҳар шакли мумкин ва бо мутавассил шудан ба ҳаргуна абзоре, ин равобитро аз масири боланда ва такомулии худ дур кунанд."
Маъмурияти "мушкил"-и Фағонӣ
Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ҳафтаи гузашта ба маъмурияти худ дар Душанбе поён дод. Фағонӣ аз соли 2014 сафири Эрон дар Тоҷикистон буд ва тақрибан чаҳор соли кори ӯ ба даврони сардии муносибати Душанбеву Теҳрон рост омад.
Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз терроризм ва қатли шуморе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангиву илмӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он муттаҳам кард. Иттиҳоме, ки Эрон ҳамвора рад намудааст.
Вале дар ду моҳи охир баъзе аз мақомҳои Тоҷикистону Эрон дар суҳбатҳои худ паём доданд, ки равобити Теҳрону Душанбе дар ҳоли одӣ шудан аст. Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии фоҳи феврал гуфт, дар равобити сиёсии ду кишвар танҳо як масъалаи ҳалношудаи кӯчак мондааст.
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ низ рӯзи 7-уми март дар як паёми кӯтоҳ гуфт, Тоҷикистонро дар шароите тарк мекунад, ки равобити Душанбеву Теҳрон, ба қавли ӯ, "дар ҳама заминаҳо рушд ёфтааст".
Айби "тарафи севум"?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистону Эрон дар пайи ислоҳи робитаҳо шудаанд? ВИДЕОБино ба навиштаи вебсайти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Фағонӣ дар мулоқоти худоҳофизии худ бо нахуствазир Қоҳир Расулзода дар бад шудани муносибатҳо "бархе аз тарафҳои севум"-ро айбдор кардааст. Аммо аз касе ё кишвари мушаххасе ном набурдааст.
Бархе аз коршиносони тоҷик гуфтанд, ангушти ишораи Теҳрон пеш аз ҳама ба сӯи Арабистони Саудӣ, яке аз рақибони аслии Эрон дар Ховари Миёна аст, ки солҳои охир дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон сармоягузории қобили таваҷҷуҳ кардааст. Иддаое, ки қабан намояндагони Саудӣ рад кардаанд.
"Мавзеъгириҳои тунд надошт"
Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари тоҷик, ба ин қатор Русияро низ ворид мекунад. "Русия кишварест, ки сиёсати чандгуна дорад. Феълан Эрон дар мавқеъҳои дигар бо Русия ҳамкорӣ дорад. Шояд ҳамон сабаб шудааст, Тоҷикистон мехоҳад дубора вонамуд кунад, ки бо Эрон муносибати чандон бад надорад", - гуфт ӯ рӯзи 8-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Коршиносон давраи маъмурияти Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро ба фарқ аз сафирони пешини Эрон дар Тоҷикистон "мушкил" ва "пур аз имтиҳон" медонанд.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик гуфт, Фағонӣ талош кардааст давраи сардии муносиботро "бо хештандорӣ паси сар кунад". "Алорағми чопи мақолаҳои зиёд аз ду тараф, мо надидем, ки Фағонӣ дар робита ба муносибати ду кишвар мавзеъгириҳои тунд дошта бошад", - афзуд ӯ.
Баъди Аҳмадинажод
Дар солҳои қабл, бахусус давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод, Теҳрон таваҷҷуҳи махсус ба Душанбе дошт. Бо сармояи ин кишвар дар Тоҷикистон тарҳҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” ва нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб сохта шуда, роҳбарони ду кишвар ҳар сол дар айёми баҳор бо ҳам дидор мекарданд.
Аммо ин робитаҳо соли 2015, баъди ҳузури раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар як конфронсе дар Эрон, комилан ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ҳизбро созмони ифротӣ эълон кардааст. Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надоштаанд ва ҳадафи манъи фаъолияти онҳо дар соли 2015 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд.
Баъд аз соли 2017 робитаҳо бо Эрон ба ҳадде тира шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кишварро ошкоро ба талош барои барангехтани низоъ ва ҳимоят аз терорризм муттаҳам кард. Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Эронро ҳамчунин дар қатли шуморе аз афроди саршинос дар солҳои навадум муттаҳам карданд. Иттиҳоме, ки Эрон онро ҳамвора рад кардааст.
"Аз Фағонӣ вобаста набуд"
Эрон дар навбати худ иддао дорад, миллионҳо доллар пули нафти он кишвар, ки тавассути Бобаки Занҷонӣ гардиш мехӯрд, дар Тоҷикистон "гум шудааст". Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳеч сармоя надошт.
Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, ҳамин тавр, сардии равобити Душанбеву Теҳрон аз Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ҳеҷ вобастагӣ надошт. Вале ба гуфтаи Сафаров, Фағонӣ талош кардааст дар муқобили ин ҳама сардиҳо "гармиеро дар муносибати ду кишвар нигоҳ дорад".
Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, то замоне ки дар мақомоти болоии Душанбеву Теҳрон барои беҳтар кардани муносибатҳо қадами ҷиддӣ набардонанд, иваз шудани сафирон вазъро чандон тағйир намедиҳад.
Эрон нахустин кишварест, ки соли 1992 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохта ва сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст.