"Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти сармояи бузург аз Амрико ҳавасманд аст, аммо барои ҷалби сармоягузорон ислоҳоти заруриро ба роҳ намемонад." Департаменти давлатии Амрико дар гузориши нави "Фазои сармоягузорӣ дар соли 2018" дар мавриди Тоҷикистон чунин хулоса кардааст.
- Муаллифони гузориш муҳити Тоҷикистонро барои сармоягузорон бозоре бо "риски бузург" қаламдод карда, айни замон гуфтаанд, барои сармоягузороне, ки таҷрибаи кор дар минтақаро доранд, "имконияти фоида гирифтан вуҷуд дорад".
Таъқиб барои ришватхорӣ дар Тоҷикистон дар навбати аввал ангезаҳои сиёсӣ дорад
Баъзе мақомҳои тоҷик мегӯянд, фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба он ҳадде тира нест, ки баъзе аз созмону кишварҳои хориҷӣ тасвир мекунанд. Онҳо мегӯянд, Тоҷикистон ба ҳама гуна "салом"-и сармоягузорон "алейк" мегӯяд ва аз онҳо ҳимоят мекунад.
"Мубориза бо коррупсия дар миёни мансабдорони тоҷик пурсамар нест"
Дар гузориши Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико ба чанд мушкил ва заъфи иқтисоди Тоҷикистон ишора мешавад, ки монеи ҷалби сармоягузорон шудааст. Мавзӯи коррупсия дар Тоҷикистон бахше аз ин гузориш аст. Муаллифон навиштаанд, дар Тоҷикистон қонуни зидди коррупсия қабул шудааст, вале иҷрои қонун "интихобӣ сурат мегирад ва дар маҷмуъ мубориза бо коррупсия дар миёни мансабдорон пурсамар нест".
"Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳо талаб намекунад, то дар дохили худ кодекси рафторро қабул кунанд, ки "харидан"-и мансабдорони давлатиро манъ кунад. Таъқиб барои ришватхорӣ дар Тоҷикистон дар навбати аввал ангезаҳои сиёсӣ дорад", - гуфтаанд муаллифон.
Осебпазир аз "шок"-ҳои берунӣ
Иқтисоди Тоҷикистон дар умум дар ин гузориш хеле осебпазир аз "шок"-ҳои берунӣ тасвир шудааст. Гузоришгарони амрикоӣ навиштаанд, дар пайи рукуди иқтисоди Русия аз соли 2014, зери таъсири уфти нархи нафт ва таҳримҳо, интиқоли пул аз он кишвар ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Муаллифон менависанд идораи андоз барои пур кардани будҷа ва рӯйпӯш кардани "дефитсит" (камомад), шумораи санҷишҳоро ба маротиб афзуд, ки боис ба бад шудани фазои соҳибкорӣ гашт. Бино ба арзёбии муҳаққиқони амрикоӣ, даромади ширкатҳои Тоҷикистон дар солҳои 2015-2016 чиҳил дар сад ва соли 2017 дувоздаҳ дар сад коҳиш ёфт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Бима нест, сармоядор ба куҷо ояд?"
Олимҷон Бобоев, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, рӯзи 25-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат солҳои охир барои ҷалби сармояи хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале баъзе омилҳо ҳанӯз ҳам монеи ҷалби сармояи бузург ба кишвар мешавад. Ӯ аз ҷумла набуди ширкатҳои бузурги бима ё суғуртаро дар Тоҷикистон яке аз ҷунин сабабҳо донист.
“Чанд ширкати суғуртае, ки дорем, аз ҷумла ду ширкати суғуртаи давлатӣ иқтидори бима кардани тарҳҳои бузургро надоранд. Ҳол он ки ин як таҷрибаи роиҷ дар ҷаҳон аст. Сармоягузорон пеш аз оғози ҳар тарҳи нав онро бима мекунанд”, - шарҳ дод ӯ.
Бобоев афзуд, маҳз набуди ширкатҳои бузурги бима сармоядоронро аз Тоҷикистон мегурезонад ва кишвар аз маблағгузориҳои бузург бенасиб мемонад.
“Тоҷикистон имкони пайвастан ба ЕАЭС-ро баррасӣ дорад”
Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳоло ҳам имкони пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёи зери назари Русияро баррасӣ дорад. Муҳаққиқон гуфтаанд, дар сурати пайвастани кишвар ба ин иттиҳод, сармоягузории ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон душвор мегардад.
"Агар Тоҷикистон барои узвият дар иттиҳод дархост фиристад ва қабул гардад, боис ба афзоиши боҷҳо мешавад, ки шароити пешбурди сармоягузории ширкатҳои Амрикоро дар Тоҷикистон мушкил мекунад", - гуфта шудааст дар гузориш.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сироҷиддини Мӯҳриддин: Ворид шудан ба ЕАЭС-ро меомӯземБино ба гузориш, ҳукумати Тоҷикистон дар тарҳҳои асосӣ бештар ба сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатӣ аз Чин такя дорад. Барои мисол, муаллифон аз 200 миллион долар сармояи Чин барои сохтмони бинои порлумони нави Тоҷикистон ёдовар шудаанд.
Олимҷон Бобоев мегӯяд, аксар ширкатҳои чинӣ давлатӣ ҳастанд ва бинобар ин бо кафолати молии ҳукуматашон дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд. «Аммо ширкатҳои давлатҳои дигар, аз ҷумла Аврупо ва Амрико аксаран хусусианд ва онҳо барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таваккал намекунанд», - афзуд вакили порлумон.
"Мизони андоз ва бюрократияро кам кунед"
Сармоядорон ва соҳибкорони тоҷик, ки берун аз кишвар зиндагӣ мекунанд ва майли сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро дорад, низ мегӯянд, мизони баланди андоз ва «бюрократия» аз ҳад беш сармоягузоронро дилсард мекунад.
Толиб Мансур, соҳибкори тоҷики муқими Русия, мегӯяд, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикони бурунмарзӣ, ки сармоядор ва cоҳибтаҷриба ҳастанд, пеш аз ҳама дар Тоҷикистон як ислоҳоти низоми андоз зарур аст.
Ӯ гуфт, "миёни соҳибкорон ва мақомоти мо як муколама нест. Кумитаи андоз андешаи соҳибкорони хурду миёнаро шунидан намехоҳад. Қонуни андоз ба шароити кишвари мо созгор нест, бисёре аз қонунҳо аз Русия рӯйбардор шудааст. Бинобар ин, фурсати он расидааст, ки як муколама дар сатҳи ҷумҳурӣ миёни соҳибкорон ва мақомоти андоз ба роҳ монда шавад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Блоки иқтисодӣ – "қаҳрамон"-и маҷлиси солонаи ҳукуматҲамсуҳбати мо мегӯяд, ба ҷуз аз боло будани мизони андозҳо дар Тоҷикистон "бюрократия" ва талаби санаду маълумотномаи зиёд аз тарафи идораву мақомоти гуногун сармоягузоронро дилсард мекунад.
Ӯ ба унвони мисол аз таҷрибаи худ ёдовар шуд, ки мехост дар Душанбе маркази хидматрасонии таъмир ва нигоҳдории лифтҳоро ба роҳ монад. “Аммо дар оғоз бо «бюрократия»-и сахте дучор омадам. Он қадар санаду иҷозатнома талаб карданд, ки аз баҳри ташкили чунин ширкат даст кашида, боз ба Русия баргаштам”, - гуфт Толиб Мансур.
Айни замон ин соҳибкори тоҷик дар Русия ширкати "Smart house"-ро мудирият мекунад, ки ба сохтмони хонаҳои ҳушманд машғул аст.
Як ҳафта пеш Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, низ дар ҷаласаи Шӯрои беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ, ба ислоҳоти низоми андоз дар Тоҷикистон даъват кард. Ян-Петер Олтерс рӯзи 20-уми феврал гуфтааст, гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ омода аст ислоҳотро дар ин самт дастгирӣ кунад, то фазои Тоҷикистон барои сармоягузории бештар мусоид шавад.